Тағйироти кадрӣ дар сохтори Додситонии кул, Гвардияи миллӣ ва Вазорати дифоъ (ИСЛОҲШУДА)

Имрӯз, 9-уми январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Додситонии кул, Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар дода навиштааст, ки аз ҷумла, сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, […]

Имрӯз, 9-уми январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Додситонии кул, Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар дода навиштааст, ки аз ҷумла, сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон, прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Бохтару Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин гардиданд.

Ҳамчунин, дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиа, низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, командирони баъзе аз  воҳидҳои низомӣ ва комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷрибаву хатмкардагони ду муассисаи олии низомӣ ба ин вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд.

“Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони баъзе аз раёсатҳо ва шуъбаву марказҳои таълимии Гвардияи миллӣ низ аз ҳисоби афсарони касбӣ ва мутахассисони соҳа ба ин воҳидҳои низомӣ таъин гардиданд”,- навиштааст хадамоти матбуотии президент.

Зимнан, бо фармонҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон, Шарипов Шавкат аз вазифаи сардори раёсати корҳои фармондеҳии Гвардияи миллӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва Замонов Абдувоҳид бо далели вафоташ аз вазифаи сардори раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи миллӣ барканор шудаанд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардори раёсати корҳои фармондеҳии Гвардияи миллӣ Раҷабзода Холмуҳаммад ва ба мансаби сардори раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи миллӣ Шерализода Сафаралӣ таъин гардидаанд.

Ҳамчунин, бо қарори ҳукумати кишвар Абдулло Абдуллоев бо сабаби вафоташ аз вазифаи муовини аввали КВД “Тоҷиксуғурта” озод шудааст.  

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин гуфтааст, ки “дар чунин шароити ҳассосу хатарзо вазифаи ҳар як роҳбару фармондеҳ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз таъмини амнияту суботи давлат, ҳимояи марзу буми кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ иборат буда, дар ин самт бояд ҳушёру зирак бошанд ва вазифаҳои хизматии худро дар асоси оинномаҳо ва дастурамалҳои низомӣ ба роҳ монанд”.

PS: Қаблан “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Парвиз Орифзода, иҷрокунандаи вазифаи додситони шаҳри Конибодом, аз мақомаш барканор шуд, вале маълум гардид, ки ӯ баръакс ба ин вазифа таъйин гардидааст. Барои ин хато аз хонандагон узр мепурсем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.