Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст

Дар Тоҷикистон 31-уми март (душанбе) рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Ин бо назардошти он ки Иди Рамазон 30-юми март (рӯзи якшанбе) дар рӯзи истироҳатӣ таҷлил мешавад ва тибқи қонун 31-уми март истироҳатӣ аст. Мувофиқи қисми 5-и моддаи 89-и Кодекси меҳнати кишвар, агар ид ё ҷашн ба рӯзи истироҳатӣ рост биёяд, аввалин рӯзи кории пас аз ин рӯз […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 31-уми март (душанбе) рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Ин бо назардошти он ки Иди Рамазон 30-юми март (рӯзи якшанбе) дар рӯзи истироҳатӣ таҷлил мешавад ва тибқи қонун 31-уми март истироҳатӣ аст.

Мувофиқи қисми 5-и моддаи 89-и Кодекси меҳнати кишвар, агар ид ё ҷашн ба рӯзи истироҳатӣ рост биёяд, аввалин рӯзи кории пас аз ин рӯз истироҳатӣ аст. Тибқи қонун дар бораи рӯзҳои ид Иди Қурбон дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст.

Аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-плюс” гуфтанд, рӯзи 31-уми март дар тамоми муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла макотиби миёнаву олӣ рӯзи истироҳатӣ аст. Ин рӯз дар дигар муасссиаҳои давлатӣ ҳам истироҳат эълон шудааст.

Хонандагони мактаб, ки бо назардошти таътили баҳорӣ ва иди Наврӯз аз 21 март то 30-юми истироҳат доштанд, ҳамакнун рӯзи 31-уми март ҳам истироҳат карда, аз 1-уми апрел ба мактаб мераванд.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи март сокинони кишвар 15 рӯзи истироҳат доштанд. Рӯзи модар, ки дар кишвар 8 март таҷлил мешавад, ба рӯзи шанбе рост омад, бинобар ин, сокинон рӯзҳои 8, 9 ва 10 март таътил доштанд.

Ҳамчунин, бо назардошти ба рӯзи шанбе ва якшанбе рост омадани ду рӯзи Наврӯз сокинон дар ин ҷашн аз 21 март то 27 март истироҳат доштанд. Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон дар моҳи март бо шумули рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳо 16 рӯз истироҳат доранд: 1, 2, 8, 9, 10, 15, 16, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 29, 30 ва 31 март.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.