Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамтои худ аз Русия Михаил Мишустин дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳо дар соҳаи сармоягузорӣ ва фарҳангу башардӯстона баррасӣ мешаванд. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, вохӯрӣ имрӯз, 25 апрел дар Маскав баргузор мешавад. Зимни гуфтушунид ба масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои бузурги муштараки сармоягузорӣ, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plis

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамтои худ аз Русия Михаил Мишустин дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳо дар соҳаи сармоягузорӣ ва фарҳангу башардӯстона баррасӣ мешаванд. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, вохӯрӣ имрӯз, 25 апрел дар Маскав баргузор мешавад.

Зимни гуфтушунид ба масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои бузурги муштараки сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи саноату бахши кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

“Равобити Русия ва Тоҷикистон ба усулҳои шарикӣ ва иттифоқчигии стратегӣ асос ёфтааст. Рушди ҳамкории ҳамаҷонибаву мутақобилан судманд бо Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои калидии сиёсати хориҷии Русия боқӣ мемонад.

Муколаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи баланд ва музокироти доимӣ доир ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба нигаҳдориву рушди робитаҳои муфиди байниидоравӣ мусоидат мекунад”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд. Соли 2025 раёсат дар ИДМ ба дӯши Тоҷикистон гузашта, дар чаҳорчӯби ин мақом баргузории зиёда аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷониби Русия ба идомаи корҳои созанда бо шарикон аз Тоҷикистон ва расонидани кумаки зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои раёсат дар Созмон изҳори омодагӣ кард.

Қаблан Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар ҷаласаи 11 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Алмато аз Барномаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар самти таҳкими амният дар марзҳо дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2026-2030 дастгирӣ кард.

Ҷониби Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки давраи раёсати худро дар Созмон аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, рақамисозӣ ва дастгирӣ аз ташаббусҳои фарҳангиро дар доираи ИДМ пешниҳод кард.

Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод, ки рӯзҳои 4-5 июн дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуда, дар доираи он Созишномаи ҳамкорӣ дар рушди соҳаи мошинсозии вазнин имзо ва намоишгоҳи саноатӣ ташкил мешавад. Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои корӣ ва фарҳангӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст