Дар Тоҷикистон теъдоди кормандони андоз зиёд шуд

Теъдоди кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 1843 нафар ба 1903 нафар зиёд карда шуд. Тағйироти марбут дар қарор "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31-уми августи соли 2012 ворид карда шудааст. "Таъин намудани теъдоди кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1903 нафар (бидуни кормандони хизматӣ)", – гуфта […]

Теъдоди кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 1843 нафар ба 1903 нафар зиёд карда шуд. Тағйироти марбут дар қарор "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31-уми августи соли 2012 ворид карда шудааст.

"Таъин намудани теъдоди кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1903 нафар (бидуни кормандони хизматӣ)", – гуфта мешавад дар таҳрири нави қарор.

Зикр мегардад, ки 1815 нафар (ба ҷойи 1755) аз шумораи умумии кормандони мақомоти андоз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд ва боқимонда 88 нафар — аз ҳисоби воситаҳои махсуси Кумитаи андоз.

Хосатан, дар қароргоҳи марказии Кумитаи андоз ҳоло 245 корманд кор мекунанд (қаблан 225), ки 185 нафар (қаблан 165) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд ва 60 нафар — аз ҳисоби воситаҳои махсуси Кумита.

Шумораи муовини раиси Кумитаи андоз бетағйир мемонад — 5 нафар. Ҳамчунин, теъдоди мошинҳои хидматӣ – 110 воҳид бетағйир боқӣ мемонад, ки 15 адади он барои қароргоҳи марказӣ пешбинӣ шудааст.

 

Рақамгузорӣ дар ҷараён аст, вале кормандон кам ҳастанд

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи майи соли 2019, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои андоза, гумрук, молия ва бонкдорӣ гуфт, ки роҳбарияти Кумитаи андоз пешниҳод кардааст, ки шумораи кормандон зиёд карда шавад. Ба гуфтаи раисҷумҳур, ин пешниҳод бо камбуди кормандон асоснок шудааст.

"Баръакс, бояд шумораи кормандони андоз коҳиш ёбад. Ҳамзамон, бояд ба системаи нави рақамӣ гузарем ва аз истифодаи усулҳои куҳна худдорӣ намоем", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр кардан ба маврид аст, ки татбиқи технологиҳои рақамӣ дар амалияи ҷаҳонӣ одатан ба коҳиш ёфтани шумораи кормандон, на зиёдшавии он, ишора мекунад.

Ҳамчунин, дар октябри ҳамон сол, Кумитаи андоз барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ озмун эълон кард – барои қабули 75 корманди нав.

Вале, роҳбарияти Кумитаи андоз дар оғози ҳамин сол гуфт, ки ҷиҳати рақамӣ шудани соҳа ҳамаи тадбирҳо андешида мешавад.

Дар Кумита таъкид карданд, ки феҳристи модулҳои барномаҳои компютерӣ ва хизматҳои электронӣ дар мақомоти андоз тадриҷан васеъ мешавад — то имрӯз 45 номгӯи хизматҳои электронӣ пешниҳод карда шудааст.

Тибқи маълумоти Кумита, дар соли 2024 шумораи андозсупорандагон, ки эъломия ва ҳисоботи электронӣ пешниҳод мекунанд, ба 23,7 ҳазор нафар зиёд шуд. То оғози соли 2025, шумораи умумии чунин субъектҳои иқтисодӣ аз 190 ҳазор нафар гузашт, ки 75,4% аз шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.