Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон мавсими навро дар “Сипоҳон”-и Эрон оғоз мекунад

Ҳимоятгари мунтахаби милии футболи Тоҷикистон Ваҳдат Ҳаннонов ба тамринҳо бо тими “Сипоҳон”-и Эрон баргашта, ҳадди ақалл боз як мавсими дигар дар ин даста бозӣ мекунад. Тавре ки расонаҳои Эрон хабар медиҳанд, легионери тоҷик аллакай ба чорабиниҳои омодагии даста пайваста, дар мавсими солҳои 2025/2026 як қисмате аз хатти мудофиаи даста хоҳад шуд. Дар ин даста Ҳаннонов […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Ҳимоятгари мунтахаби милии футболи Тоҷикистон Ваҳдат Ҳаннонов ба тамринҳо бо тими “Сипоҳон”-и Эрон баргашта, ҳадди ақалл боз як мавсими дигар дар ин даста бозӣ мекунад.

Тавре ки расонаҳои Эрон хабар медиҳанд, легионери тоҷик аллакай ба чорабиниҳои омодагии даста пайваста, дар мавсими солҳои 2025/2026 як қисмате аз хатти мудофиаи даста хоҳад шуд. Дар ин даста Ҳаннонов бори аввал пас аз гузариш аз Персеполис”, мавсими гузашта ба бозӣ баромад.

Дар ҳайати “Сипоҳон” ӯ дар 15 бозӣ иштирок кардааст: – 9-то дар мусобиқоти қаҳрамонии Эрон, 5-то дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ва 1-то дар Суперҷоми кишвар. Маҳз моҳи январи соли 2025 пас аз пирӯзӣ бар собиқ дастааш – “Персеполис” бо ҳисоби 1:0 ӯ ҳамроҳи даста ба Суперҷоми Эрон соҳиб шуд.

Бозгашти Ҳаннонов хатти муҳофизати “Сипоҳон”-ро дар пасманзари норавшан будани вазъият бо дигар ҳимоятгарони марказӣ, аз ҷумла Сиёвуш Яздонӣ ва Ҳодӣ Муҳаммадӣ, тақвият мебахшад. Бо оғози мавсими нав хатти дифоъ атрофи Ҳаннонов, Донишгар ва Ҳазбавӣ сохта хоҳад шуд.

Қарордоди Ҳаннонов бо даста то моҳи июни соли 2026 амал мекунад. Ёдрас мекунем, ки фаъолияти варзишии ӯ соли 2019 дар дастаи КМВА (ЦСКА) оғоз шуда, баъдан ба “Истиқлол” гузашт ва зуд ба бозигари асосии хатти мудофиа табдил ёфт. Аз соли 2021 ӯ дар ҳайати “Персеполис” бозӣ карда, дар он ҷо ба ду унвони қаҳрамони Эрон, Ҷоми Ҳазфӣ ва Суперҷом даст ёфт.

Дар арсаи байналмилалӣ низ Ҳаннонов эътироф шудааст. Соли 2018 дар бозӣ муқобили Уммон нахустин бор дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард. Аз ҳамон вақт пайваста ба даста даъват шуда, узви ҳайате буд, ки соли 2022 Ҷоми Подшоҳи Таиландро ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки аз миёни легионерҳои мавсими гузашта танҳо Ҳаннонов ба ҷамъомади пешазмавсимии “Сипоҳон” пайваст. Се бозигари хориҷии дигар — Дабо, Камара ва Бенидер — дастаро тарк карданд. Айни ҳол даста барои бозгардондани Стивен Нзонзи гуфтушунид дошта, ҳамзамон дар ҷустуҷӯи бозигарони хориҷии нав аст.

Ба ин тариқ, Ваҳдат Ҳаннонов ягона легионери устувори ҳайати “Сипоҳон” боқӣ монда, нақши ӯ дар даста метавонад боз ҳам муҳимтар гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.