Вокуниши Омбудсмен ба қазияи Мадина Ҳалимова, ки гуфта мешавад чор кӯдакашро ба дарё андохтааст

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баъди қазияи Мадина Ҳалимова, ки гуфта мешавад охири моҳи гузашта чор кӯдаки худро ба дарё андохт, дар сомонаи худ вокуниш нашр кардааст. Ин ниҳод марги 4 кӯдаки хурдсолро, ки ба гуфтаи мақомот аз ҷониби модарашон ба дарё андохта шуданд, ташвишовар хонда, масъалаи зӯроварӣ ва табъиз нисбати кӯдаконро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. […]

Asia-Plus

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баъди қазияи Мадина Ҳалимова, ки гуфта мешавад охири моҳи гузашта чор кӯдаки худро ба дарё андохт, дар сомонаи худ вокуниш нашр кардааст.

Ин ниҳод марги 4 кӯдаки хурдсолро, ки ба гуфтаи мақомот аз ҷониби модарашон ба дарё андохта шуданд, ташвишовар хонда, масъалаи зӯроварӣ ва табъиз нисбати кӯдаконро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ин ҳодиса андешидани чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон тақозо мекунад.

Дар баёния гуфта мешавад, ки ҳуқуқҳои кӯдакон аксар аз ҷониби падару модар ва ё наздикони дигар поймол мегардад.

“Таҳлилу омӯзиши ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдакон нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолат ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон аз ҷониби падару модар, дигар намояндагони қонунӣ ва махсусан шахсоне, ки кӯдак ба онҳо меҳр баста, боварӣ дорад, вайрон карда мешавад”, – омадааст дар баёния.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои кӯдакон, аз падару модарон, ҷомеаи тоҷик ва мақомот даъват кардааст, ки дар ин самт чораандешӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 29 ба 30-юми июн Мадина Ҳалимоваи 27-сола худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофт ва дар натиҷа зан зинда монда, чор кӯдаки ноболиғаш ҷон бохтанд.

Нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд. Дар наворҳо дида мешуд, ки масъулини мақомот аз дарё ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Тафсилоти ҳодиса ва суҳбати шавҳару падари Мадина Ҳалимоваро дар маводи “Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.