Дар Тоҷикистон ҳаво ҳамоно гарм боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо дар хона будан беҳтар аст

Тоҷикистонро гармои ғайримуқаррарӣ фаро гирифтааст — аз ҷануб ба ҷумҳурӣ ҳавои хушку сӯзон ворид мешавад. Оҷонси ҳавошиносӣ аз гармии шадид — то 46 дараҷа, ки дар назар аст, то рӯзи 23-уми июл боқӣ монад ва хатари селфароӣ дар кӯҳҳо ҳушдор медиҳад. Дар хабари Оҷонси обуҳавошиносӣ зикр шудааст, ки гармии тӯлонӣ ва об шудани барф хатари селфароӣ дар минтақаҳои ғарбии Вилояти […]

Тоҷикистонро гармои ғайримуқаррарӣ фаро гирифтааст — аз ҷануб ба ҷумҳурӣ ҳавои хушку сӯзон ворид мешавад. Оҷонси ҳавошиносӣ аз гармии шадид — то 46 дараҷа, ки дар назар аст, то рӯзи 23-уми июл боқӣ монад ва хатари селфароӣ дар кӯҳҳо ҳушдор медиҳад.

Дар хабари Оҷонси обуҳавошиносӣ зикр шудааст, ки гармии тӯлонӣ ва об шудани барф хатари селфароӣ дар минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои кӯҳии кишварро таҳдид мекунад. Ин метавонад боиси баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ гардад ва барои аҳолӣ ва инфрасохтор хатар эҷод кунад.

Якбора гармшвии ҳаворо чӣ гуна метавон паси сар кард?

Кӯшиш кунед ҳарчи камтар зери нури офтоб бошед. Аммо дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед. Либос аз матоъҳои табииро, ки ба нафаскашии пӯст монеъа эҷод накарда, ба гармшавии организм оварда намерасонанд, ба бар кунед.

Ҳангоми ташнагӣ нӯшидани на оби хунук, балки гарм тавсия дода мешавад, зеро он ташнагиро бамаротиб беҳтар шикаста, ба гулӯ ҳам зарар намерасонад.

Дар хотир дошта бошед, ки аз соати 12:00 то 16:00 нурҳои офтоб бештар фаъол буда, лекин дар ҳавои хеле гарм тавсия медиҳем, ки беҳтараш аз соати 10.00 то 18.00 ба берун набароед. Агар ин зарур бошад, ҳамаи қисматҳои баданатонро аз афтодани нури офтоб ҳифз кунед. Аз либоси пӯшида истифода бурда, ба рӯй, гардан ва дастонатон кремҳои муҳофизатӣ молед.

Машрубот нанӯшед, зеро таъсири он ба организм дар дар ҳавои гарм чандин маротиба зиёд шуда, илова бар ин организм нисбат ба ҳарорати баланд бештар ҳассос мешавад.

Маҳсулоте, ки гувоҳнома надоранд, нахаред, зеро ҳангоми ҳарорати баланд бактерияҳо хеле тез паҳн шуда, ин метавонад ба заҳролушавии вазнин боис гардад.

Аз косметикаи ороишӣ истифода набаред ё истифодаи онро то ҳадди ақалл кам кунад, чунки пӯсти мо дар ҳавои гарм хеле тезтар нафас кашида, арақ мекунад ва ба ин тариқ, ҳарорати ҷисми моро паст мекунад. Басташавии сӯрохиҳои пӯст метавонад боиси гармии зиёдатии бадан гардад.

Барои ҷисми худ бештар аз об истифода баред, зеро он бастагиҳои сӯрохиҳои пӯстро кушодаву пок карда, бадани шуморо салқин мекунад.

Дар як шабонарӯз на камтар аз 2-2,5 литр об нӯшед.

Дар ҳарорати зиёда аз 25 дараҷа гарм фаъолона ба варзиш машғул нашавед.

Кӯшиш намоед, ки эҳсоси худро ором нигоҳ доред зеро ҳар гуна ҳаяҷон хавфи осеб дидан аз зарбаи гармо ё офтобро зиёд мекунад.

Ҳавои хонаро бо истифода аз намнок кардан ё овехтани рӯйпӯшҳои тар ё намнок салқину тоза созед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.