Тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA боз як зина боло рафт

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) як зина боло рафта, бо 1224.93 хол дар байни 211 даста дар ҷойи 101-ум қарор гирифт. Дар феҳристи қаблӣ, ки моҳи октбяр нашр шуд, Тоҷикистон 4.72 имтиёз камтар дошт ва аз ҷои 104-ум ба зинаи 102-юм баромада буд. Мавқеи тими миллии кишвар, як рӯз […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) як зина боло рафта, бо 1224.93 хол дар байни 211 даста дар ҷойи 101-ум қарор гирифт.

Дар феҳристи қаблӣ, ки моҳи октбяр нашр шуд, Тоҷикистон 4.72 имтиёз камтар дошт ва аз ҷои 104-ум ба зинаи 102-юм баромада буд.

Мавқеи тими миллии кишвар, як рӯз пас аз ғалабаи бузург бо ҳисоби 5:0 бар муқобили дастаи Тимори Шарқӣ дар давраи панҷуми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 боло рафт.

Дар феҳристи нави FIFA, ки рӯзи 19-уми ноябр нашр шуд, дар миёни дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон пешсаф аст. Тими миллии ин кишвар дар феҳристи нав 5 зина боло ҷаҳиш карда, бо 1462,03 хол дар ҷои 50-ум қарор дорад. Тоҷикистон дар ин минтақа ҷои дуюм, Қирғизистон (104) сеюм, Қазоқистон (115) чаҳорум ва Туркманистон (137) дар ҷойи панҷум аст.

Cегонаи аввали он мисли радабандии қаблӣ ҷойҳои худро тағйир надодаанд.

Испания, қаҳрамони феълии Аврупо бо 1877,18 имтиёз дар зинаи аввал, Оржонтин (Аргентина), қаҳрамони феълии ҷаҳон бо 1873,33 хол дар ҷои дуюм ва Фаронса, ҷоизадори медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳон бо 1870,00 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтаанд.

Бояд гуфт, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA моҳи феврали соли 2024 сабт шуда буд. Он замон тими мо пас аз баромадан ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар ба зинаи 99-уми радабандии FIFA  баромад. 

Поёнтарин мавқеи Тоҷикистон дар феҳристи FIFA бошад, соли 2003 ба қайд гирифта шудааст. Он замон тими милли кишвар зинаи 180-умро касб мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.