Тими миллии футболи Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро 5:0 шикаст дод

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба ба даст овард. Голҳои дастаи моро дар ин рақобат, ки дар Австралия доир шуд, Шервонӣ Мабатшоев (ду гол), Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев заданд. Пас аз ин пирӯзӣ, Тоҷикистон шумораи имтиёзҳояшро […]

Муҳаммад Назар

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба ба даст овард.

Голҳои дастаи моро дар ин рақобат, ки дар Австралия доир шуд, Шервонӣ Мабатшоев (ду гол), Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев заданд.

Пас аз ин пирӯзӣ, Тоҷикистон шумораи имтиёзҳояшро ба 13 адад расонида, то баргузории бозии Филиппин ва Малдив ба садри ҷадвали гурӯҳи “А” баромад. Имрӯз дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ Филиппин бо Малдив мубориза мебарад.

Тоҷикистон дар 4 бозии қаблӣ се пирӯзӣ (ду ғалаба муқобили Малдив ва як ғалаба муқобили Тимори Шарқӣ) ва як мусовӣ (бо Филиппин) дошт.

Дастаи мо охирин дидори худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 31 –уми марти соли оянда муқобили Филиппин дар Тоҷикистон баргузор мекунад. Дастаи Тимори Шарқӣ бошад муқобили Малдив бозӣ мекунад.

Қаблан, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври чаҳорум марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили Малдив ба ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, 24 тими миллӣ дар 6 гурӯҳ ( ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) мубориза мебаранд. Ҳар як тим дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад. Ғолибони ҳама гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мунтахаби футболи кишвар дар аввалин иштироки худ дар ин мусобиқот, ки аввали соли соли 2024 дар Қатар баргузор шуд, то марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.