Сармояи оинномавии «Бонки рушди Тоҷикистон» дар зарфи як сол ба миқдори 108 дарсад боло рафт

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сармояи эълоншудаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи (ҶСШП) «Бонки рушди Тоҷикистон» ба 59,99 млн. сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 108,65 дарсад зиёдтар мебошад.






Аз бонки номбурда иттилоъ доданд, ки даромади бонк аз оғози сол аз 5,5 млн. сомонӣ зиёдтар шуда, активҳои бонк ба санаи 1-уми июли ҳамин сол тақрибан 66,5 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 109,40 дарсад бештар мебошанд.





«Дар нимсолаи аввал қарзҳои додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори беш аз 87,5 дарсад афзоиш ёфта, 39,6 млн. сомониро ташкил доданд, – идома дод сарчашма. – Аз ҳаҷми умумии маблағҳои сандуқи қарзии бонк то 1-уми июли соли равон ба рушди соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 9,2 млн. сомонӣ қарз ихтисос дода шуд».





Тибқи маълумоти бонк, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ дар нимсолаи аввал ба беш аз 17,8 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст,

 

ки аз он 15,3 млн. ба муштариён дода шуда, беш аз 2,5 млн. доллари амрикоӣ маблағ ирсол гардидааст.



Кормандони масъули ҶСШК «Пахтаи Кӯлоб» ба давлат ба миқдори 1,2 млн. сомонӣ хисорот ворид кардаанд

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ дар вилояти Хатлон зимни санҷиши фаъолияти Ҷамъмяти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) «Пахтаи Кӯлоб» исрофкории аз ҳад зиёд ва изофанависии кормандони масъули онро ошкор сохтанд.






Роҳбари дафтари матбуоти агентӣ Шарифбек Шарифов иттилоъ дод, ки ҳангоми баргузории тафтишот кормандони агентӣ дар тӯли солҳои 2005-2007 изофанависии қабули пахтаи вуҷуднадоштаро аз хоҷагиҳои пахтакор ошкор сохтаанд, ки ба ин амал мудири анбор Нурмуҳаммад Одинаев ва молшиносон Ҳабибулло Мирзоев ва Искандар Гиёев гумонбар дониста мешаванд. Аз ин амали онҳо ба давлат дар ҳаҷми 1 млн. 195 ҳазору 905 сомонӣ хисорот ворид гардидааст.





Ба иттилои манбаъ, зимни баррасии парвандаи ҷиноии оғозгардида, ба буҷаи давлат 55 ҳазор сомонӣ аз ин маблағ баргардонида шудааст.





«Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад», – афзуд Ш.Шарифов.

 




Муомилоти UNIStream дар Тоҷикистон ба андозаи 127 дарсад афзуд

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон тайи як сол муомилоти низоми байнулмилалии интиқоли маблаҳои пулии


UNIStream


ба 127 дарсад афзудааст.






Тибқи маълумоти департаменти иттилооти низом, дар нимсолаи аввал ҳаҷми саҳмияҳои транзитӣ дар ҷумҳурӣ 285 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 126 млн. доллари амрикоӣ баробар буд.





Ба иттилои манбаъ, муомилот дар семоҳаи дуввум ба 179 млн. доллари амрикоӣ расидааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 82 млн. доллари амрикоиро ташкил медод.





Мудири кулли низом Сурен Айриян изҳор дошт, ки низом ба туфайли ҷорисозии муваффақона ва мустақими барномаи худ дар қаламрави кишварҳои собиқи шӯравӣ ба чунин комёбиҳо ноил гардидааст.





«Дар тӯли як соли фаъолият дар Тоҷикистон шабакаи мо аз 300 нуқтаи хизматрасонӣ ба 480 нуқта расид ва дар ҷумҳурӣ мо бо 10 ниҳодҳои молиявӣ ва ҳамаи бонкҳои бузурги кишвар ҳамкорӣ мекунем», – гуфт С.Айриян.







Маълумотнома:




Низоми байнулмилалии интиқоли маблағҳои пулии


UNIStream


ҳамасола ба 4 млн. нафар муштариён хизматрасонӣ мекунад ва соли 2007 муомилоти он ба 3,7 млрд. доллари амрикоӣ расид. Низом дар 90 кишвари ҷаҳон беш аз 70 ҳазор нуқтаҳои хизматрасонӣ ифтитоҳ намудааст.

  




Дар шаҳри Истаравшан маркази намунавии тибби оилавӣ ифтитоҳ гардид

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Истаравшан маросими ифтитоҳи расмии Маркази дуюми намунавии тибби оилавии вилояти Суғд баргузор шуд.






Мушовир оид ба иттилооти сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Нигина Алиева хабар дод, ки Маркази намунавӣ дар натиҷаи шарикӣ ва ҳамкории Вазорати тандурустии ҶТ, Лоиҳаи USAID «ЗдравПлюс», Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва ҳукумати шаҳри Истаравшан таъсис дода шудааст.

 


 






Ӯ ёдовар шуд, ки пурзўр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва татбиқи тибби оилавӣ самтҳои афзалиятнок буда, дар ҳуҷҷатҳои «Консепсияи ислоҳоти тандурустӣ» ва «Стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ» дарҷ ёфтаанд.

  






«Ин маркази намунавии тибби оилавӣ дар вусъат додани бартариҳои зиёди кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарии шаҳри Истаравшан қадами муҳим мебошад, – идома дод Н.Алиева. – Маркази мазкур дар заминаи Маркази саломатии шаҳрӣ таъсис дода шуда, ба аҳолӣ хизматрасониҳои васеи тиббиро пешниҳод менамояд».





Бино ба иттилои манбаъ, Маркази намунавии тибби оилавӣ инчунин ба сифати пойгоҳи таълимӣ барои омӯзиши муттасили кормандони тиб ва барои тайёр намудани мутахассисон дар самти тибби оилавӣ истифода бурда мешавад. «Шумораи кофии табибони оилавии соҳибтаҷриба барои бомуваффақият татбиқ намудани институти тибби оилавӣ дар Тоҷикистон давраи дигаргуншавии қатъӣ мебошад», – гуфт ӯ.






 

Вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки эҳтиёҷоти муассисаҳои КАТС ба табибони оилавӣ 4000 нафарро ташкил менамояд. Маркази намунавии мазкур барои расидан ба ин мақсадҳо нақши му;имро мебозад.







Маълумотнома:




Лоиҳаи «ЗдравПлюс» яке аз чандин лоиҳаҳост, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Аз соли 1993 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи USAID ба миқдори 300 млн. доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди иқтисод, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона гардидаанд.

 




Дар Душанбе тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баррасӣ мешавад

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Санаи 18-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудавар оид ба баррасии тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баргузор мешавад.






Аз иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» хабар доданд, ки дар мизи мудаввар инчунин лоиҳаи «Савганди рӯзномнигор» низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.





Дар лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо касби вазифаи рӯзноманигорӣ ва оғози фаъолият шаҳрванд бояд ҳамеша ва комилан масъулиятро назди ҷомеа ҳис намояд, ба муттаҳамкунии беасос, тақаллубкории санадҳо, таҳрифи далоил ва плагиат роҳ надода, танҳо он иттилоотеро пахш созад, ки ба эътимоднокии он мутмаин аст.





Чорабинии мазкурро иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» ва департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ созмон медиҳанд.



Дар Тоҷикистон оғози мубориза бо вазирони ришвахор ҳанӯз барвақт аст, – мӯътақид аст коршиноси маркази тадқиқоти стратегӣ

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Имрӯз оғози мубориза бо коррупсия дар сатҳи роҳбарони вазорату муасссисаҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Тоҷикистон хоҳад шуд», – мӯътақид аст сардори раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Абдувоҳид Шамолов. Ӯ ҳамчунин бо масоили марбут ба мубориза бо коррупсия низ машғул аст. Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» ӯ ба суоли он, ки чаро дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия дар сатҳи вазирону роҳбарони муассисаҳо сурат намегираду танҳо ба омӯзгорону табибон ва мансабдорони сатҳи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дахл дорад, чунин посух дод.






А.Шамолов мутмаин аст, ки коррупсия дар байни вазирон низ мавҷуд аст. Ба гуфтаи ӯ, «ҳарчанд давлат рӯз то рӯз пурқувват мегардад, вале маълум нест, ки оғози чунин мубориза чӣ паёмадҳое хоҳад дошт». Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод месозад, ки мубориза бо коррупсия дар сатҳи мақомоти роҳбарӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди ҷомеа ба роҳ монда шавад.





Тибқи иттилои А.Шамолов, чанде қабл зимни вохӯрӣ бо директори агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ, ӯ пешниҳод кардааст, ки агентии мазкур бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муборизаи муштарак бо коррупсия қарордод ба имзо расонад, то «ҳама дар ин кор масъулият ҳис намоянд».





«Дар тӯли якуним соли фаъолияти агентӣ мо пешравиҳои назаррасеро мушоҳида кардем, бахусус дар масъалаи фурӯши ғайриқонунии заминҳо, – таъкид сохт А.Шамолов. – Вале норасоии механизми ягонаи мубориза бо ришвахорӣ ҳис карда мешавад».






 


Нисбат ба Русия Чин шарики фаъолтари Тоҷикистон гаштааст, – назари А.Сатторзода

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори шӯъбаи робитаҳои хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Абдунабӣ Сатторзода мӯътақид аст, ки солҳои ахир Ҷумҳурии Халқии Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар муносиботи хориҷӣ гаштааст.






Дар ҳамин ҳол, ӯ нуфузи Русияро низ чун шарики стратегии Тоҷикистон рад намекунад, ки чун пештара ҳамкорӣ бо он самаранок аст.





«Аммо нисбат ба Русия аз соли гузашта Чин фаъолтар гаштааст», – таъкид сохт А.Сатторзода ва афзуд, ки Тоҷикистон чун пештара сиёсати «дарҳои боз»-ро роҳандозӣ мекунад.



Муассиси ҶДММ «Газовик-1» ба азхудкунии ҳудуди 70 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатӣ муттаҳам карда мешавад

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зимни санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Газовик-1», ҳодисаҳои ба қонуншиканиҳои молиявӣ роҳ додани муассиси он Рустамхон Чориевро ошкор сохтанд.






Аз агентӣ хабар доданд, ки ҶДММ «Газовик-1» мувофиқи шартнома бо муассисаи сохтмонӣ ӯҳдадор шудааст, дар хонаи истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Умеди шаҳри Душанбе таҷҳизоти газиро насб созад.





«Пудратчӣ саривақт ва бо сифати баланд корҳоро анҷом дод, вале зимни пешниҳоди ҳисобу китоби таҷҳизоти насбшуда арзиши онро нисбат ба нархҳои бозори кишвар бамаротиб зиёд нишон додааст», – изҳор дошт сарчашма ва афзуд, ки ҳамин тариқ ба давлат ба миқдори 69 ҳазору 171 сомонӣ хисорот ворид гардидааст.





Аз болои аъмоли муассиси ҶДММ «Газовик-1» тибқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ва камомад) ва 323-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.



Ҳамкории бонкӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ ба ӯхдаи «Амонатбонк» вогузор гашт

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи фармони сарвари давлат ҳамкории бонкӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ӯҳдаи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» вогузор гашт, ки дар фаъолияти байнулмилалии бонк қадами тоза маҳсуб мегардад. Муовини аввали раиси бонк Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ки бонк дар самти тоза фаъолияти мустақилонаи ҳамкориро бо созмонҳои молиявӣ роҳандозӣ хоҳад кард.






«Баргузории ҷаласаи раисони бонкҳои давлатии кишварҳои узви созмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи август дар шаҳри Душанбе яке аз иқдомҳои нахустин дар ин ҷода хоҳад буд», – гуфт Г.Ҳасанова.





Ба қавли ӯ, раисони бонкҳои давлатии кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Чин ва Тоҷикистон ният доранд, масоили ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи бонкҳоро ҳаллу фасл кунанд. «Мо умедворем, ки ҷаласаи номбурда дар сатҳи зарурӣ баргузор гашта, ҳамкориҳо вусъати тоза хоҳанд гирифт», – афзуд муовини аввали раиси бонк.





Ёдрас мекунем, ки Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» бо 15 бонкҳои ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.



Як гурӯҳ коргарони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз мушкилоти пардохти музди меҳнат шикоят кардаанд

0



         

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Хатлон-пресс» – Як гурӯҳ коргарони нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1 шикоят аз мушкилоти пардохти музди меҳнат карданд.





               

Раҳматулло Иззатов, механики колоннаи механиконидашудаи ҶСК «Гидроэнергосстрои Осиёи Миёна» дар сӯҳбат чунин иброз доштааст: «Аз моҳи марти ҳамин сол то инҷониб маош нагирифтаем.»




              

Патов Геннадий Ахмедович, директори ҳамин ширкат бошад, ба иттилои коргарон, аввали сол 200 нафар беҳтарин мутахассисони тоҷикро аввал муваққатан, баъд пурра аз кор пеш кард. Ҳамакнун коргарони рондашуда ҳудуди 4 моҳ мешавад, ки мунтазам, барои дарёфти ҷаноби Патов ва гирифтани маош ба шаҳри Душанбе ва нерӯгоҳ мераванд. Директори ширкат бошад, ҳамвора ба онҳо ваъдаи фардо медиҳад.




        


 

Ҳам коргарон аз он шикоят доштанд, ки мақомоти роҳбарӣ ваъда дода буданд, ки бо ба истифода дода шудани агрегати дуюми ҳамин нерӯгоҳ ба ҳама мукофотпулӣ медиҳанд, аммо боз дучори ваъдаи пуч шуданд.