Home Blog Page 82

Танҳо тавассути ду фурудгоҳ тобути беш аз 1,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан овардаанд

0
photo_2026-01-28_15-32-26

Соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия  ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст.

Дар ин бора дар ҳисоботи солонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зикр шудааст. Маълум нест, ки ин ҷасадҳоро аз кадом кишварҳо овардаанд. Вале ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар пайи ҳаводиси табиӣ ба ҳалокат мерасанд ва ё аз сӯи маллитгароёни рус кушта ва ҷасади онҳо ба ватан оварда мешавад.

Масъулини Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон омори интиқоли ҷасадҳо дар кулли кишварро нагуфтанд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ навиштааст, ки дар ин муддат тариқи Фурудгоҳи байналмилали Кӯлоб 38 тобутро ба ватан овардаанд, ки дар муқоиса ба як сол пеш 24 адад камтар аст.

Маълум нест, ки дар соли гузашта теъдоди тобутҳое, ки тариқи фурудгоҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ва аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, чӣ қадар аст.

Бояд гуфт, ҳар сол тобути даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз дигар кишварҳо ба ватан меоранд, ки аксарияти онҳо ҷасади муҳоҷирони тоҷики дар Русиябуда ҳастанд. Бештари вақт сабаби марги онҳо тасодуф дар сохтмон, беморӣ, куштор ва садама гуфта мешавад.

Аз ҷумла, ду ҳафта пеш ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки дар Русия аз бӯйи газ ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон оварда дар зодгоҳашон деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супориданд.

Пештар аз ин пайкари хунолуди Қобилҷон Алиеви 10-соларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи шаҳрванди 15-солаи Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар пайи эҳтимоли хуруҷи вируси “Nipah”, Тоҷикистон чораҳои беҳдоштиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад

0
photo_2026-01-28_16-36-05

Дар Тоҷикистон то ҳол  вируси "Nipah" ошкор нашудааст, вале барои пешгирӣ аз беморӣ ва ташхиси саривақтии он дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ насб шуда, аз Русия озмоишҳо (тест) ворид мешаванд.

Дар ин бора имрӯз Ҷамолиддин Абуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар Ҳиндустон 5 ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус ташхис шуда, дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҳамчунин Русия гирифторӣ ба беморӣ сабт нашудааст.

Ба қавли ӯ, ҳоло хатари гирифторӣ ва манбаъи сироят ва паҳншавии беморӣ дар Тоҷикистон мавҷуд нест.

Аммо барои ташхиси саривақтии беморӣ аллакай аз Русия озмоишҳо ворид мешаванд ва дар ин бора байни Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти назорати беҳдоштӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъсолкунандагони Русия музокира шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон 22 озмоишгоҳи вирусологӣ мавҷуд буда, озмоишҳо дар онҳо гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи Абдуллозода, хатари сар задани беморӣ дар Тоҷикистон баланд нест, аммо чунин имкон мавҷуд аст, зеро “роҳҳои ҳавоии мо бо Ҳиндустон озод аст ва имкон дорад, ки он ба Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя ворид шавад”.

“Яке аз манбаъҳои сирояткунандаи ин вирус кӯршабпаракҳо ҳастанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон нест. Меваҳои тропикӣ яке аз воситаҳои дигари сироятёбӣ аст. Агар луоби даҳони паранда дар он бошад, ҳангоми риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, метавонад ба одам гузарад”, – таъкид карда Абдуллозода.

Ба гуфтаи ӯ барои пешгирӣ кардани беморӣ дар фурудгоҳои кишвар дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ насб шудаанд ва мутахасиссони соҳаи тандурустӣ ҳар мусофирро аз ташхис мегузаронанд.

Абдуллозода гуфт, ҳароратбаландӣ, қайкунӣ ва бемадорӣ аз нишонаҳои вируси “Nipah” буда, ҳангоми ошкор шудани ин аломатҳо мусофирро инзивоҳ ва муоина мекунанд.

Бояд гуфт, вируси "Nipah" моҳи январи имсол дар Ҳиндустон хуруҷ кард ва тибқи иттилои расмӣ, панҷ ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, ҳудуди 100 нафари дигар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии нав – “Шоҳин Эйр” сабти ном шудааст

0
photo_2026-01-28_14-53-27

Дар Тоҷикистон як ширкати нави ҳавопаймоӣ бо номи “Шохин Эйр” сабти ном шуда, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дафтари корь ва ангар дорад ва он ҷо фаъолият мекунад. Дар ин бора Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии кишвар имрӯз, 28-ум январ зимни нишасти хабарӣ иттилдоъ дод.

Ӯ гуфт, “Шоҳин Эйр” ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, вале дар бораи ба кӣ таалуқ доштани ширкат маълумот надод.

Назарзода гуфт, ки ин ширкати ҳавопаймоӣ чор моҳ пеш ба қайд гирифта шуда, дар ҳоли ҳозир бо мақсади харидории ҳавопаймоҳо бо ширкатҳои истеҳсолкунанда музокирот мебарад.

“Ин ширкат ҳоло дорои чархболҳо мебошад, ки дар фурудгоҳи Душанбе қарор доранд. Ҳамчунин, моҳи август ба ангари “Шоҳин Эйр” як ҳавопаймои L-410 ворид мешавад. Айни замон “Шоҳин Эйр” ва Оҷонсии ҳавонавардӣ бо ширкати ҳавопаймосози “Airbus” музокирот мекунанд”, – гуфт Назарзода.

Як намояндаи ширкат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки номи расмии ширкат "Шоҳин Эйрлайн" аст.

Бояд гуфт дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” фаъолият мекунанд, ки дар фурудгоҳ ангари ҳавопаймоии худро доранд. Ҳоло танҳо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тавассути шаш ҳавопаймои “Boeing 737 Next-Generation” аз Тоҷикистон ба 25 самти Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна парвоз мекунанд.

Моҳи ноябри соли гузашти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои хариди то 14 ҳавопаймои каммасрафи “787 Dreamliner” ва “737 MAX” бо ширкати амрикоии “Боинг” созишнома имзо карда буд.  

Ширкати миллии “Тоҷик Эйр” бошад аз соли 2019 инҷониб бо сабаби мушкилоти молӣ дар сатҳи байналмилалӣ парвоз анҷом намедиҳад. Тобистони соли гузашта ин ширкат эълон кард, ки ду ҳавопаймои ширкати “Skyroad Leasing”-и Литва, ки зери ҳабс қарор доштанд, ба моликияти ширкати “ТоҷикЭйр” гузаштаанд.

Парвиз Шодмонзода, мудири кулли ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, бо гузаштани ду ҳавопаймо ба ихтиёри Тоҷикистон ба ин ширкат “имкон медиҳад, ки ба парвозҳои байнулмилалӣ бидуни маҳдудият идома диҳад”. Аммо бо гузашти беш аз шаш моҳ ҳанӯз ин ширкат парвозҳои байналмилалии худро оғоз накардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ инҳисори фурӯши сӯзишвории ҳавопаймоҳо дар кишварро рад кард

0
photo_2026-01-28_10-56-39

Ҳабибулло Назарзода, раҳбари Оҷонсии ҳавонавардии кишвар инҳисор ё “монополия”-и як ширкат дар фурӯши маводи сӯхти ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистонро рад карда гуфт, ки соли равон ба се ширкати дигар иҷозаи воридоту фурӯши ин навъи сӯзишворӣ додаанд.

То кунун сӯхти ҳавонавардиро дар Тоҷикистон танҳо як ширкат – ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” таъмин мекард.

Раҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ, имрӯз, 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳоло бо шумули се ширкати нав шумораи ширкатҳое, ки ба воридот ва фурӯши маводи сӯхти ҳавопаймоҳо машғуланд ба 4 адад расонида шудааст. 

Ӯ номи ин ширкатҳоро нагуфт ва танҳо зикр кард, ки “ҳоло корҳои таъмирӣ дар яке аз ин ширкатҳои сӯзишворӣ дар дохили Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе идома дорад”.

Раиси Оҷонсии ҳавонавардӣ дар вокуниш ба шикояти Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон, ки аз қиммат будани нархи сӯзишворӣ дар Фурудгоҳи Душанбе нигаронӣ карда буд, гуфт, ки як ҳафтаи охир нархи маводи сӯхти ҳавопаймо то 18% поин бурда шудааст.

“Як ҳафта пеш нархи сӯзишворӣ аз $2100 ба $1780 поин бурда шуд”, – гуфт ӯ.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон ҳанӯз охири моҳи августи соли гузашта дар муроҷиати худ гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии “Туркиш-Эйрлайнз” барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Душанбе 1780 доллар пардохт мекунад. Ӯ нархи сӯзишвории ҳавопаймо дар Душанберо гаронтарин дар ҷаҳон хонда буд.

 

“Нархи билетҳои ҳавопаймоӣ арзон шуд”

Тибқи иттилои Ҳабибулло Назарзода, соли гузашта нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон 25–30% арзон шудааст.

Ӯ гуфт, ки коҳиши нархи билет ба далели ироаи 40% тахфифи фурудгоҳҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, инчунин, афзоиши шумораи парвозҳо дар доираи сиёсати “Осмони боз” имконпазир шудааст.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон оиди дар фаслҳои баҳору тирамоҳ боло бурдани нархи билет ба Русия гуфт, ки “дар ин самт низ то 15-20% дар нархҳо тахфиф гузошта шудааст”

“Дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар шуъбаи назорат ва сифат таъсис дода шудааст, ки самти чиптафурӯширо назорат бурда, ба муроҷиати муосфирон оиди нархи билет расидагӣ мекунад. Дар ҳолати беасос боло бурдани нархи билет иҷозатномаи ҳамон нуқтаи фурӯши билет бекор карда мешавад”,-гуфт Назарзода.

Ӯ ба таври мисол гуфт, ки нархи билет дар масири Душанбе-Санкт-Петербург аз 2300 ба 1700 сомонӣ ва дар масири Душанбе-Маскав аз 2850 ба 1345 сомонӣ поин карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҳамасола муҳоҷироне, ки ба Русия сафар мекунанд аз баланд будани нархи билет ба шаҳрҳои ин кишвар нигаронӣ мекунанд. Мақомот боло будани нархи билетро ба “қиммати сӯзишвории ҳавопаймо” рабт медоданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Асардуздӣ сабт нашуд, вале истифодаи ҳуши маснуӣ афзуд”. Нигаронии раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ аз кори муҳаққиқони тоҷик

0

Соли 2025 дар ҳеҷ кори диссертатсионӣ ҳолати асардуздӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар беш аз 100 кори илмӣ истифодаи ҳуши маснуӣ ошкор шудааст. Дар ин бора Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, хост, ки муҳаққиқони тоҷик “фарҳанги истифодаи ҳуши маснуиро омӯзанд”.

 

Омори олимони соли 2025

Давлатзода гуфт, ки дар соли 2025 барои дарёфти дараҷаи илмӣ аз шӯроҳои диссертатсионӣ ба КОА 602 кори илмӣ ворид шудааст. Аз ин шумора, 568 диссертсия тасдиқ шудааст: 78 – доктори илм, 406 номзади илм ва 84 доктори фалсафа. 34 кори илмии дигар то ҳол тасдиқ нашудаанд.

Ҳамчунин, соли 2025 КОА ба 34 нафар унвони профессорӣ додааст.

Аммо КОА соли сипаришуда 46 қарорҳои шӯроҳои диссертатсиноӣ доир ба додани дараҷаҳои илмиро “бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи муқарраршуда” бекор кардааст.

Сайфиддин Давлатзода дар тавзеҳи саволи хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки 46 диссертатсия, ки аксараш кори номзадӣ будааст, бинобар аз 15 дарсад зиёд будани иқтибосҳо, нодуруст ворид кардани махзан ва нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризнашаванда рад шудаанд.

“Меъёри иқтибосорӣ то 15 дарсад аст. Аз ин зиёдаш ба асолати матн таъсири манфӣ мерасонад. Мақолаҳои илмӣ бояд дар маҷаллаҳои тақризшаванда чоп шаванд. Ҳатто сохтор бояд тибқи муқаррарот таҳия шавад. Вагарна мо қарорҳои шӯроҳои диссертатсионӣ дар мавриди додани дараҷаи илмиро бекор мекунем”, – гуфт раиси КОА.

 

Асардуздӣ нест, вале истифодаи ҳуши маснуӣ зиёд шудааст​​​​​​​

Ба гуфтаи Сайфиддин Давлатзода, дар соли 2025 пас аз ҳимояи кори илмӣ ягон ҳолати асардуздӣ (плагиат) ба қайд гирифта нашудааст. Ӯ гуфт, ки ин мушкил дар шӯроҳои диссертатсионӣ ва дар барномаҳои санҷиши асардуздӣ (антиплагиат)-и донишгоҳҳо ҳалли худро ёфта, то замони ҳимояи кори илмӣ пурра бартараф мешавад.

Аммо раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ бо нигаронӣ афзуд, ки истифодаи ҳуши маснуӣ дар корҳои илмӣ афзудааст. Ба қавли ӯ, дар соли гузашта беш аз 100 кори илмӣ бинобар таъсири манфии ҳуши маснуӣ ошкор шуда, ба ҳимоя иҷоза дода нашудааст.

“Истифодаи ҳуши маснуӣ дар корҳои илмӣ то охири соли 2025-ум 6 маротиба зиёдтар шудааст. Мо барноме дорем, ки кадом қисмати кори диссертатсиониро ҳуши маснуӣ навиштааст, маълум мекунад. Ҳатто дақиқ мегӯяд, ки кадом навъи ҳуши маснуӣ навиштааст”, – гуфт Давлатзода.

Ӯ таъкид кард, ки ҳамаи корҳои илмие, ки дар он таъсири зиёди ҳуши маснуӣ ошкор шудааст, ба ҳимоя роҳ дода нашудааст: “Яъне, то ҳол ягон диссертатсияе, ки бо ҳуши маснуӣ навишта шудааст, ҳимоя нашудааст”.

 

“Фарҳанги истифодаи зеҳни сунъиро омӯзем”

Сайфиддин Давлатзода гуфт, ки муҳаққиқон бояд фарҳанги истифодаи ҳуши маснуиро омӯзанд ва аз он самаранок истифода баранд.

“Дар кор онро ҳамчун ёрдамчӣ истифода кардан даркор. Аз он хоҳиш кардан даркор нест, ки ба ҷои мову шумо диссертатсияро нависад. Аз уҳдааш намебарояд. Худаш ҳам мегӯяд, ки “ман роботам”. Мо бояд барои пешравии кор истифода барем, аз фазои ҷаҳонии иттилоотӣ дур намонем, вале фарҳанги истифодабарии онро омӯзем. Ҳеҷ вақт зеҳни сунъӣ дар пойгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ рафта, таҷриба нагузаронидааст. Он чи ки дар “база”-аш ҳаст, онро коркард мекунад, тамом. Мо бояд онро муқоиса ва далелсанҷӣ кунем. Ин ҷанбаҳоро фаромӯш кардан даркор нест”, – гуфт раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ.

Вай афзуд, ки санҷиши истифодаи ҳуши маснуӣ вазифаи Комиссияи олии аттестатсионӣ нест, вале “ба хотири баъди ҳимоя мушкил пеш наомадан, онро месанҷем”.

 

Нигоронии раисҷумҳур аз мушкили чандинсола​​​​​​​

Бояд гуфт, ин аввалин ҳушдори КОА аз истифодаи ҳуши маснӯӣ дар корҳои илмӣ нест. Ин ниҳод моҳи окятбри соли 2025 ҳам дар ин маврид изҳори нигаронӣ карда буд.

Аммо асардуздии олимон тоҷик мушкиле буд, ки солҳо инҷониб таъкид мешуд. Пойгоҳи “Диссернет” борҳо рӯйхати олимони тоҷикро, ки дар кори илмиашон асардуздӣ ошкор шуда буд, расонаӣ кардааст.

Моҳи майи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар мулоқоти худ бо аҳли илм ва маориф аз асардуздии олимони тоҷик интиқод карда, гуфт, то имрӯз пойгоҳи “Диссернет” 150 ҳолати асардуздии олимони тоҷикро ошкор карда, дипломи 7 нафари онҳо беэътибор эълон шудааст.

Ҳамчунин ӯ аз кори Комиссияи олии аттестатсионӣ интиқод карда гуфт, ин муассиса барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои муассир намеандешад.

“Як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд. Ҳимояи рисолаҳо тибқи сенарияи пешакӣ сурат мегирад, ки аз фаъолияти сохтакоронаи шӯроҳои ҳимоя гувоҳӣ медиҳад”, – гуфта буд раисҷумҳур.

Ёдовар мешавем, ки дар байни довталабони унвонҳои илмие, ки дар корҳои илмиашон асардуздӣ ошкор мешавад, мансабдорон ва кормандони мақомоти баландпоя низ ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистону Қатар ҳамкориҳоро дар самти таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон густариш медиҳанд

0
photo_2026-01-28_09-43-31

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода рӯзи 27 январ бо  директори генералии ширкати “Ҷусур”-и Давлати Қатар Абдулҳоди Бахит Барқан дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои Вазорат, меҳмон аз Қатар бо мақсади баргузор намудани Намоиши таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба ҷумҳурии мо омадаанд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот Солеҳа Холмаҳмадзода аз муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қатар, оғоз ёфтани марҳилаҳои нави ҳамкорӣ ва фароҳам овардани заминаи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи сафарҳои расмии сарони давлатҳои ҳарду кишвар маълумот дод.

Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид доштааст, ки Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳо аз 3 феврали соли 2019 муваффақона амалӣ мешавад. Созишнома оид ба танзими қувваи корӣ масъалаҳои омодасозӣ ва сафарбаркунии қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Давлати Қатарро танзим менамояд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳамкорӣ байни МД“Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва ширкати “Ҷусур”-и  Қатар аз 15 майи соли 2023 оғоз ёфта, сафарбарсозии шаҳрвандон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ тавассути платформаи электронии www.tawzeef.qa ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз натиҷаҳои назарраси мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуён – шаҳрвандони кишвар, ки 25 январ дар меҳмонхонаи Crowne Plazza баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар натиҷаи мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуён, ки дар меҳмонхонаи Crowne Plazza баргузор гардид, 800 нафар шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз ин шумора 186 нафар қабул гардида, мавқеи 230 нафари дигар муайян карда мешавад.

Мусоҳибаҳо то 27 январ идома доштанд. Изҳори умедворӣ шуд, ки теъдоди бештари шаҳрвандон ба мусоҳиба фаро гирифта шуда, дар Давлати Қатар бо ҷойҳои кории муносиб ва маоши баланд таъмин мегарданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ вазир ташрифи меҳмононро ба вазорат имкони муҳиму мусоид ҷиҳати дарёфти кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бозиҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 оғоз мешаванд

0
photo_2026-01-28_10-15-05

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон имрӯз, 28 январ бозии нахустинашро бо тими миллии Ӯзбекистон дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия оғоз мекунад.

Дар вохӯрии аввали даври гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳарифи дерину усулии худ – тими мунтахаби кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Бозӣ дар маҷмааи варзишии “Индонезия-Арена” доир гардида, соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” қарор гирифт. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин дастаҳои Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия шомил шуданд. Ҳамчунин имрӯз дар ин гурӯҳ дастаҳои Ҷопон ва Австралия бо ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқоти Ҷоми футзали Осиё-2026 рӯзи 27 январ оғоз шуд. Дар ин мусобиқа 16 дастаҳои қора, ки ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд, бозӣ мекунанд.

Тибқи қоидаҳои мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Мусобиқа то 7 феврал идома меёбад.

Вохӯрӣ бо тими Ӯзбекистон имтиҳони муҳиму ҷиддӣ барои мунтахаби Тоҷикистон буда, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф (даври ҳазфӣ) метавонад нақши калидӣ бозад.

Ҷадвали бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон (гурӯҳи “С”):  

28 январ. Ӯзбекистон — Тоҷикистон.

30 январ. Тоҷикистон — Австралия.

1 феврал. Тоҷикистон — Ҷопон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези низоъ ҳастем”. Нигаронии Тоҷикистон аз шиддати вазъ дар Ховари Миёна, бахусус дар Эрон

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот “аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Эрон” изҳори нигаронии амиқ кард.

Вазъ дар Ховари Миёна дар пайи таниш миёни Амрико ва Эрон ва ҳушдорҳои ҳарду тараф, ҳамчунин, фиристода шудани нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва баҳрӣ аз сӯйи Вашингтон ба ин минтақа ва дар ҳолати омодабош қарор доштани артиши Эролн, муташанниҷ боқӣ мемонад. Коршиносон аз эҳтимоли оғози як низои дигар ё ҳамлаи Амрико ба Эрон ҳушдор медиҳанд.

Дар чунин шароит Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз, 27-уми январ, бо нашри изҳороте таъкид кард, ки мухолифи истифодаи иқдомоти низомӣ ва “ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ мебошад”.

Аммо ВКХ-и Тоҷикистон дар ин изҳорот аз кишвари дигаре, ки эҳтимоли анҷоми иқдоми низомӣ алайҳи Эронро дошта бошад, ном набурд.

“Тоҷикистон даъват мекунад, ки ҷонибҳо бо риояи усули Оинномаи Созмони миллали муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал карда, барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд””, – навишт ин ниҳод.

Зикр кардан ба марид аст, ки Тоҷикистон то ҳол ягона кишвар дар минтақа аст, ки дар робита ба шиддати таниш миёни Вашингтон ва Теҳрон мавқеашро ошкор иброз кард. Кишварҳои дигари минтақа то ҳол хомӯшанд.

Тоҷикистон пештар аз ин низ, ҳуҷуми Исроил ва Амрико ба Эрон дар тобистони соли гузаштаро бо қотеъият маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Назорат аз болои қарзҳои корхонаҳои давлатӣ пурзӯр мешавад

0

Ҳукумати Тоҷикистон ба корхонаҳои давлатӣ, инчунин ширкату муассисаҳо бо иштироки сармояи давлатӣ, ки қарздоранд, дастур дод, ки саривақт пардохт шудани қарзҳоро таъмин карда, ҳар семоҳа ба Вазорати молия ҳисобот диҳанд.

Дар ин хусус дар қарори ҳукумат доир ба тадбирҳо оид ба иҷрои буҷети давлатӣ барои соли 2026 хабар дода мешавад.

Ин ҷо сари иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ оид ба созишномаҳои қарзии дохилӣ, ки дар доираи шартномаҳои давлатии қарзӣ имзо шудаанд, сухан меравад.

Созишномаҳои қарзии дохилӣ шартномаҳое мебошанд, ки дар доираи он давлат қарзҳои ҷалбшударо ба корхонаҳо дода, онҳоро уҳдадор мекунад, ки онро мустақилона баргардонанд.

Дар рӯйхати қарздорон корхонаву муассисаҳои зерин қарор доранд:

– ҶСК «Барқи Тоҷик»;

– КВД «Обу корези Душанбе» («Обу корези Душанбе»);

– ҶСК «Тоҷиктрансгаз»

– КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон „Амонатбонк“;

– ҶСК «Помир энержи»;

– КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»;

– ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик»;

– КВД бонки саноатӣ ва содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»;

– ҶСК «НБО Роғун»;

– КВД «Шарқи озод»;

– КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-м Кумитаи манзилию коммуналии назди ҳукумати Тоҷикистон;

– ККВД «Хуҷандобуканал»;

– ККВД «Троллейбус» ш. Душанбе;

– ККВД «Троллейбус» ш. Хуҷанд;

– КВД «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд»;

– КК «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ» ш. Турсунзода;

– ККВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ш. Бохтар;

– ККВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ш. Норак;

– ККВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ноҳ. Ёвон;

– ККВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ш. Кӯлоб;

– ККВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ш. Хоруғ.

Дар санад доир ба фурӯши идомадоштаи амволи собиқ бонкҳои тиҷоратии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” низ сухан меравад, ки дар марҳилаи маҷбурии барҳамдиҳӣ қарор доранд. Дар он дар бораи амволе гуфта мешавад, ки ба ихтиёри моликияти давлатӣ гузаштааст. Дар назар аст маблағҳое, ки аз фурӯши ин амвол ба даст меоянд, ба пардохти қарзи дохилии давлатӣ ва дигар уҳдадориҳои молиявӣ дар назди Вазорати молия равона гардад.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, то 1 июли соли 2025 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил додааст, ки ба 21,4% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Аз ин маблағ 3,1 млрд доллар (88%) ба қарзи беруна ва 422 млн доллар – ба қарзи дохилӣ рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 14

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чаҳордаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.