Ҷудокор Акмал Муродов аз мубориза барои медалҳои Олимпиада канор монд

Ҷудокори тоҷик Акмал Муродов дар вазни дараҷаи то 81 кг дар қувваозмоии марҳилаи 1\32 финалӣ шикаст хӯрд. Дар рақобати якум Акмал бар ҷудокор аз Гуам Ҷоштер Эндрю дастболо шуда, лекин дар даври 1\32 финалӣ қувваозмоиро ба гӯштингии гурҷӣ Тато Григалашвили бохт. Қаблан Сомон Маҳмадбеков дар вазни дараҷаи то 73 кг пас аз ду пирӯзӣ дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҷудокори тоҷик Акмал Муродов дар вазни дараҷаи то 81 кг дар қувваозмоии марҳилаи 1\32 финалӣ шикаст хӯрд.

Дар рақобати якум Акмал бар ҷудокор аз Гуам Ҷоштер Эндрю дастболо шуда, лекин дар даври 1\32 финалӣ қувваозмоиро ба гӯштингии гурҷӣ Тато Григалашвили бохт.

Қаблан Сомон Маҳмадбеков дар вазни дараҷаи то 73 кг пас аз ду пирӯзӣ дар даври 1\8 финалӣ аз варзишгари озарбойҷонӣ Рустам Оруҷев шикаст хӯрда буд.

Ба ин тариқ, то ин дам се варзишгари мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз ҳаққи идомаи мусобиқаҳо маҳрум шуданд.

28 июл Комроншоҳи Устопириён (90 кг) дар даври 1\32 финалӣ бо намояндаи Фаронса Аксел Клерже рақобат мекунад.

30 июл Темур Раҳимов ((+100 кг) дар марҳилаи 1\32 финалӣ бо гӯштингири Куба Анди Гранда қувваозмоӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.