Қисми хароҷоти нақшаи буҷети давлатӣ то нисф иҷро шуд

Қисми хароҷоти нақшаи буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ тибқи маълумоти Вазорати молия ҳамагӣ 55,8% иҷро шуд. Дар ин давра мувофиқи нақшаи тасҳеҳшуда, маблағгузории буҷетӣ дар умум бояд беш аз 5,7 млрд сомониро ташкил медод. Лекин иҷрои нақша оид ба хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи ҳамагӣ ҳудуди 3,2 млрд сомонӣ амалӣ шуд. Аз […]

Қисми хароҷоти нақшаи буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ тибқи маълумоти Вазорати молия ҳамагӣ 55,8% иҷро шуд.

Дар ин давра мувофиқи нақшаи тасҳеҳшуда, маблағгузории буҷетӣ дар умум бояд беш аз 5,7 млрд сомониро ташкил медод. Лекин иҷрои нақша оид ба хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи ҳамагӣ ҳудуди 3,2 млрд сомонӣ амалӣ шуд.

Аз ҷумла ҳаҷми иҷрои нақшаи маблагғузории буҷетӣ ба соҳаҳои саноат ва сохтмон – 20,8%, фарҳангу варзиш – 35%, бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 35,2%, нақлиёту коммуникатсия – 42,6%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 49,4%, маориф – 55,3%, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, экология ва хоҷагии ҷангал – 55,7%, тандурустӣ – 57,6%-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, қисми даромади буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-фервали соли равон тибқи маълумоти Вазорати молия, 99% иҷро шуд. Ҳаҷми умумии маблағҳои ба буҷет воридшуда қариб 3,5 млрд сомониро ташкил дод.

Наздики 78% аз ҳаҷми умумии даромадҳои буҷетро маблағи пардохтҳо аз андоз (ҳудуди 2,8 млрд сомонӣ) ташкил доданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 11,4% ё худ 275 млн сомонӣ зиёдтар аст.

Аз андозҳои асосӣ ҳаҷми пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ба миқдори 143 млн сомонӣ), андоз аз даромад ва андоз аз фоида (26,7 млн сомонӣ) ва аксизҳо (23,1 млн сомонӣ) афзуданд.

Дар инфографикаи зер дар бораи даромаду хароҷоти буҷет маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.