Ба буҷет 9 млн доллар камтар аз нақша маблағ ворид шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли 2021 тибқи маълумоти фаврии Вазорати молия, ҳудуди 3 млрд 536 млн сомонӣ (313 млн доллар)-ро ташкил дод.

Маблағи мазкур ба андозаи 2,9% ё худ маблағи зиёда аз 100 млн сомонӣ (беш аз 9 млн доллар) камтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад.

Пурра иҷро нашудани нақшаи буҷет дар навбати аввал ба даромадҳои ғайриандозӣ вобаста аст: даромадҳо аз истифода ва фурӯши амволи давлатӣ, даромадҳо аз хизматрасониҳои давлатии пулакӣ ва ғайра.

Нисбат соли гузашта дар ҳамин давраи соли равон ҷамъоварии андозҳои асосӣ (ААИ, андоз аз даромад, андоз аз фоида, аксиз) зиёд шуда, ҳудуди 80%-и даромади буҷаро дар ду моҳи аввали соли равон ташкил доданд.

Ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо  27,6 млрд сомонӣ (зиёда аз 2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст.

Даромадҳо аз пардохти андоз ба маблағи ҳудуди 18,6 млрд сомонӣ, пардохтҳои ғайриандозӣ – наздики 1,4 млрд сомонӣ, грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байнулмилалии молиявӣ – 300 млн сомонӣ, аз ҳисоби гранту қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ – 4,9 млрд сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ – ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.