Раисҷумҳур қонун «Дар бораи авф»-ро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми октябр Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро имзо кард. Қонуни мазкур субҳи имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба тасвиб расид. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин қонун дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти ҶТ пешниҳод […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми октябр Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро имзо кард.

Қонуни мазкур субҳи имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба тасвиб расид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин қонун дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти ҶТ пешниҳод шуда буд.

Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, аз ҷумла, ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигарон татбиқ мешавад.

Мақомоти дахлдор бояд дар муҳлати 2 моҳ қонунро пурра амалӣ карда, ба Президенти ҶТ ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Матни пурраи қонун дар матбуот нашр карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар доираи 16-умин авфи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тақрибан 600 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, 3100 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ ва 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии сукунат озод мешаванд.

Ба ин тариқ, ҳамаи 11200 нафар шахсони мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ҳамчунин аз 300 нафар занони маҳбус, ки айни ҳол дар муассисаҳои ислоҳии занона адои ҷазо мекунанд, 165 нафарашон ва аз 75 ноболиғе, ки дар муассисаҳои ислоҳии тарбиявӣ қарор доранд, 58 нафарашон ба озодӣ мебароянд.

Шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то 5 сол маҳкум шудаанд, озод карда мешаванд.

Боз киҳо мавриди авф қарор мегиранд, дар ин матлаб зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.