Лавров: “Тоҷикистон ба зудӣ манфиатҳои худро дар ИИАО муайян мекунад”

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни боздид аз пойгоҳи низомии 201-уми кишвараш дар Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта изҳор дошт, ки Маскав умедвор аст, ки Душанбе ба зудӣ манфиатҳои пайвастанро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) барои худаш муайян хоҳад кард. Матни суханронии ӯ дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст. “Мо умедворем, […]

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни боздид аз пойгоҳи низомии 201-уми кишвараш дар Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта изҳор дошт, ки Маскав умедвор аст, ки Душанбе ба зудӣ манфиатҳои пайвастанро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) барои худаш муайян хоҳад кард. Матни суханронии ӯ дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст.

“Мо умедворем, ки мизбонони тоҷики шумо, ки аз ин қаламрави меҳмоннавоз намояндагӣ мекунанд, ба наздикӣ дар ниҳояти кор манфиатҳои пайвастан ба ИИАО-ро барои худ муайян мекунанд. Рӯйи ин одамон кор карда, механизми махсуси машваратҳо амал мекунад. Ва албатта, мо дар СММ ба кор идома медиҳем”, – иброз доштааст ӯ зимни муроҷиат ба хидматчиёни ҳарбӣ.

Ӯ илова намудааст, ки СҲШ, СААД, ИДМ ва ИИАО як намунаи нави тарҳи таъмини амният ва рушди ҳамкорӣ дар ҷаҳон мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров шоми дирӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Имрӯз дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.

Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар вохӯриҳо масоили таъмини амният дар минтақа ва таҳдтду чолишҳо аз Афғонистон, фаъолнокии низомӣ-биологии ИМА дар паҳнои ИДМ, инчунин ҳалли мушкили марз байни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешавад.

Тавре ки қаблан сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дода буд, зимни вохӯриҳо баррасии масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарии Маскаву Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст.

Зикр шуда буд, ки ба масъалаи густариши минбаъдаи ҳамоҳангсозиии амал байни Русия ва Тоҷикистон дар майдонҳои асосии бисёрҷониба бо шумули СААД, ИДМ, СҲШ, инчунин СММ, САҲА ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.