Шоҳ Искандаров аз вазифаи сардори ШВКД-и шаҳри Исфара озод шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд. Бар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, ки бо номи Шоҳ Искандар маъруф аст, яке аз собиқ фармондеҳони мухолифин, сардори ШВКД-и шаҳри Бӯстон (Чкловски пешина) таъин шуд. Тавре […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Бар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, ки бо номи Шоҳ Искандар маъруф аст, яке аз собиқ фармондеҳони мухолифин, сардори ШВКД-и шаҳри Бӯстон (Чкловски пешина) таъин шуд.

Тавре сардори маркази матбуоти ВКД Нусратулло Маҳмадзода хабар дод, собиқ муовини сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД – генерал-майор Нурулло Орифов сардори ШВКД-и шаҳри Исфара таъин шуд.

Ғайр аз ин, Қудратулло Назарзода аз вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Сугд озод карда шуда, ба ҷойи ӯ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба ин вазифа таъин шуд.

Назарзода намояндаи ваколатдори ВКД ҶТ дар назди Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?