spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Расидагии Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати пайвандони духтарчаи дар шаҳри Турсунзода таҷовузшуда

Субҳи имрӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо иштироки раиси Суди олӣ Шоҳиён Шермаҳмад, прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир намуд.

Тавре сомонаи расмии палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни баргузории ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо санҷиши муроҷиати хешовандони духтари 3-солаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садоҳои зиёд доир ба ин масъала гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Прокуратураи генералӣ тафсилоти таҷовузи духтараки 3-соларо шарҳ дод

Вобаста ба ин ва дигар ҷиноятҳои дар давраи солҳои 2017-2019 ва 8 моҳи соли 2020 содиршуда оид ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба ҳодисаи дар шаҳри Турсунзода содиршуда шахсони гумонбар дастгир гардида, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ таҳти назорат идома дорад.

Инчунин доир ба ин масъала раиси Суди олии ҷумҳурӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гузориш доданд.

Гуфта мешавад, пас аз гузориши роҳбарон ва шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Рустами Эмомалӣ ба онҳо супориш дод, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян намуда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ба марди духтарро дар Ҳисор таҷовузкарда 20 соли зиндон таҳдид мекунад

“Зеро содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан, нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешаванд, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозанд ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонанд”, – омадааст дар хабар.

Зиманан зикр мегардад, ки Рустами Эмомалӣ ба роҳбарону шахсони масъул дастур дод, ки вобаста ба пешгирии чунин ҳодисаҳо ба корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тақвият бахшида, бо мақсади минбаъд пешгирӣ намудани чунин кирдорҳои нангин меъёрҳои қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳаматарафа такмил дода шаванд ва нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...