Кормандони ширкатҳои Чинро ба сироятёбӣ аз коронавирус месанҷанд

Кормандони ширкатҳои Чин, ки ба амалисозии лоиҳаҳои зерсохторӣ дар Тоҷикистон машғуланд, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ин санҷиш ба хуруҷи коронавирус дар Чин вобаста аст. “Айни замон тибқи муроҷиати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба таҳияи рӯйхати кормандони ширкатҳои Чин машғулем, ки лоиҳаҳои зерсохториро дар қаламрави кишвар амалӣ месозанд”, – хабар дод зимни […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кормандони ширкатҳои Чин, ки ба амалисозии лоиҳаҳои зерсохторӣ дар Тоҷикистон машғуланд, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ин санҷиш ба хуруҷи коронавирус дар Чин вобаста аст.

“Айни замон тибқи муроҷиати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба таҳияи рӯйхати кормандони ширкатҳои Чин машғулем, ки лоиҳаҳои зерсохториро дар қаламрави кишвар амалӣ месозанд”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода.

Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз миллату мансаби ишғолкарда, ҳамаи кормандони ин ширкатҳо ба рӯйхат шомил гардида, сипас он ҷиҳати баргузории муоинаи тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод мешавад.

Мирзозода иброз дошт, ки наздики 18% аз кормандони ин ширкатҳоро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Шумори шаҳрвандони Чин, ки дар татбиқи лоиҳаҳои зерсохтории Тоҷикистон машғули коранд, аз ҷониби Вазорати нақлиёт 266 нафар арзёбӣ мешавад.

Лекин, зикр кард Мирзозода, имкон дорад қисме аз онҳо барои таҷлили Соли нав ба Чин рафта бошанд.

“Дар ҳама гуна ҳолат, – таъкид дошт ӯ, – пас аз бозгашт ба Тоҷикистон онҳо бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд”.

Мирзозода инчунин қайд кард, ки дар робита ба хуруҷи коронавирус дар кишвари ҳамсоя, иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Чин то 5-уми феврал қатъ карда шуд.

“Агар вазъ каме беҳтар шавад, пас аз он рӯз парвозҳо байни ду кишвар барқарор шуда метавонанд”, – иброз дошт муовини вазир.

Қаблан Вазорати нақлиёт дар бораи қатъи равуои заминӣ ба Чин тариқи дидбонгоҳи назоратии “Қулма” хабар дод. Ин ягона гузаргоҳи сарҳадӣ барои ҳаракати мошинҳо ба Чин аст.

Ёдрас мекунем, ки феълан шумори умумии фавтидагон аз коронавируси нав ба 132 нафар ва шумори расмии сироятшудагон ба 6053 нафар расидааст. Дар ин бора South China Morning Post бо истинод ба маълумоти мақомоти тиббии Чин хабар медиҳад.

Ин рақам нисбат ба шумори касоне, ки соли 2003 дар Чин ба бемории илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ гирифтор шуда буданд, зиёдтар аст. Он замон тӯли нуҳ моҳ ҳамагӣ 5327 нафар ба ин беморӣ мубтало шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.