«Уральские авиалинии» дар 1 ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия 11 парвози чартерӣ анҷом медиҳад

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон ба Русия иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт намуд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон. Парвозҳо аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб иҷро карда мешаванд. Дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон шумори парвоз ва рӯзи иҷрои онҳо дар давоми ҳафта тариқи зайл муқаррар карда шудаанд: Душанбе […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон ба Русия иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт намуд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Парвозҳо аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб иҷро карда мешаванд.

Дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон шумори парвоз ва рӯзи иҷрои онҳо дар давоми ҳафта тариқи зайл муқаррар карда шудаанд:

Душанбе – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;

Душанбе – Қазон, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Душанбе – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Душанбе – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;

Душанбе – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;

Душанбе – Уфа, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;

Хуҷанд – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи ҷумъа;

Кӯлоб – Москва, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи шанбе.

“Хатсайрҳои мазкур барои баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки барои вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати ФР аз 16 марти соли ҷорӣ (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст”, – қайд мекунад сафорат.

Шарти асосии иҷозаи парвоз барои шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, доштани маълумотномаи муассисаи тиббӣ (бо забони русӣ) дар бораи гирифтор набудан ба сирояти коронавирус аз рӯйи натиҷаҳои тест мебошад, ки на дертар аз се рӯз то замони вуруд ба Русия дода шудааст.

Билетҳо ба хатсайрҳои мазкур аз ҷониби намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати дигари ҳавопаймоии Русия – “ЮТэйр” ҳанӯз аввали моҳи октябр барои анҷоми парвозҳои чартерӣ ҷиҳати аз Тоҷикистон ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия иҷозатнома гирифт. Ин ширкати тибқи ҷадвали тасдиқшуда аллакай якчанд парвоз ба иҷро расонида, парвози охирин аз Душанбе ба Маскав рӯзи 28 ноябр таъин шудааст.

Парвозҳо бо хатсайри Хуҷанд-Сургут пас аз тартиб додани рӯйхати мусофирон анҷом дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.