Вазири корҳои хориҷӣ ба Қазоқистон рафт


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар сеюмин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Қалби Осиё дар ҳошияи Раванди Истамбул оид ба барномаи нав барои ҳамкориҳои минтақавӣ баҳри Афғонистони амн ва босубот, ки 26-уми апрели соли равон барпо мегардад, озими шаҳри Алмаато шуд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣӣ ҷумҳурӣ, дар доираи сафар ба Қазоқистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, мулокотҳои дуҷониба бо сарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баргузор хоҳад кард.


 

spot_imgspot_img

Популярное