Тоҷикони пас аз намози ҷумъа боздоштшуда раҳо ёфтанд

Бино ба иттилои нмояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, 35 тоҷикистонӣ, ки миёни 140 нафар шаҳрвандони мусулмонтабор баъди адои намози ҷумъа дар Москва аз ҷониби мақомоти қудратии пойтахт боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буданд, баъди гузарондани тафтишот раҳо ёфтанд. «Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи “Донская”-я шаҳри Москва дар асоси дархости Сафорат рӯйхати пурраи […]


Бино ба иттилои нмояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, 35 тоҷикистонӣ, ки миёни 140 нафар шаҳрвандони мусулмонтабор баъди адои намози ҷумъа дар Москва аз ҷониби мақомоти қудратии пойтахт боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буданд, баъди гузарондани тафтишот раҳо ёфтанд.

«Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи “Донская”-я шаҳри Москва дар асоси дархости Сафорат рӯйхати пурраи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ихтиёри мо гузошт ва таъйид намуд, ки то ҳоло нафаре аз онҳо ба ҳайси гумонбар дар аъзогии гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ айбдор нашудаанд. Ҳамаи онҳоро шуъбаи корҳои дохилии номбаршуда раҳо намуд», – иброз дошт ӯ..

Ба қавли намояндаи сафорат, аммо, бо он шаҳрвандоне, ки асноди буду бош ва қайди муваққатӣ дар ин кишвар надоштанд, Хадамоти муҳоҷирати Русия сарукор гирифта, интизор меравад, ки ин мақоми ҷониби Русия низ дар наздиктарин фурсат Сафоратро дар ҷараён хоҳад гузошт, ки оё миёни онҳо ҳастанд нафароне, ки қавоиди муҳоҷиратро вайрон намудаанд ва тақдири минбаъдаи эшон чӣ хоҳад буд.

«Мушоҳидаи шахсии банда ин аст, ки Русия солҳои ахир барои таъмини озодии дин, бахусус баҳри чомеаи мусулмонтабори кишвараш фазои мусоиди тоату ибодатро фаро овардааст. Дар тамоми шаҳру вилоятҳои кишвар масҷидҳо бунёд гардиданд ва сафи намозгузоронро ҳазорҳо-ҳазор мардумони мусулмонтабор – муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ, ҷамоҳири Қафқоз ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба чанд маротиб боло бурданд. Аммо, солҳои ахир кишвар бо мушкилоти вобаста ба нафароне, ки ба гурӯҳҳои радикалӣ мепайванданд ва эҳтимолияти ба амалҳои эксремистӣ даст заданашон имкон дорад, мувоҷеҳ гардидааст», – зикр кард М.Эгамзод.

Номбурда аз ҳамватанон дар қаламрави Русия хоҳиш кардааст, ки «ҳушёрии хешро таҳким бахшанд ва кӯшиш кунанд, бахусус онҳое, ки ҳанӯз ҷавону наврасанд, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро кашида нашаванд». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.