Рӯзи 9-уми май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-умини солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, па поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки беш аз 100 ҳазори онҳо фиристодагони Тоҷикистон буданд, гулчанбарҳо гузошта шуд.
«Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт», – гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, сипас гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва аз номи ҷавонони кишвар гузошта шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо намояндагони насли наврасу ояндасози кишвар ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз надик суҳбат намуда, ба ин пирони барнодил арзи қадрдонӣ намуд.



