Грамотаи фахрии КБСС ба муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон



Ба муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Амиршо Миралиев грамотаи фахрии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) тақдим гардид.

Бино ба иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадто Султонон, субҳи имрӯз зимни супурдани грамота ноиби президенти КБСС хонум Кристина Берли изҳор кардааст, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ А.Миралиев нахустин нмояндаи ҳукумат аст, ки ба ин мукофот сазовор дониста шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот пас аз маросими тақдими мукофот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳо миёни парлумони Тоҷикистон ва КБСС, амалисозии лоиҳаҳои ин созмони башардӯстона дар минтақаҳои ҷумҳуриро баррасӣ карданд.

«Амиршо Миралиев ба ноиби президенти КБСС пешниҳод кард, ки имконоти таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо оид ба омӯзиши муҳоҷирони тоҷик бо забонҳо ва касбҳои нави харидордошта дар бозори ҷаҳонии кор мавриди омӯзиш қарор дода шавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки хонум Кристина Берли барои аз моҳи сентябри соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон таъсис дода шудани намояндагии КБСС оид ба Афғонистон ба ҳукуматдорони Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намудааст.

spot_imgspot_img

Популярное