Сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон



Президенти Латвия Андрис Берзинш рӯзҳои 9-11-уми июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин сафар Андрис Берзиншро ҳайати васеи доираҳои соҳибкорону тоҷирони Латвия ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи сафари А.Берзинш дидору гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки дар он сарони кишварҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, фарҳанг ва дигар соҳаҳоро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар хоҳанд кард.

«Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Латвия ва имзои як қатор созишномаву қарордодҳои дуҷониба дар назар аст», – таъкид дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи сафари президенти Латвия ба Тоҷикистон баргузории ҳамоиши соҳибкорону тоҷирони ҳарду кишвар дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки дар кори он сарони ҳарду кишвар низ ширкат хоҳанд варзид.

spot_imgspot_img

Популярное