Ахиран дар шаҳри Москва ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.
Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, ҷаласаи мазкурро сафири кишвар Имомуддин Сатторов оғоз бахшида, дар бораи Шӯро, ҳадафҳои он ва вазифаҳои дарпешистода суханронӣ намуд. Дар ҷаласа ба ба масъалаҳои вазъи муҳоҷирони меҳнатии ватанӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мусоидат ба эҷоди симои мусбати Тоҷикистон дар Россия, ки яке аз масъалаҳои марказӣ дар сиёсати ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Сафири кишвар қайд намуд, ки Россия ва Тоҷикистон шарики стратегӣ буда, ҳарду кишвар дар як фазои сиёсиву иқтисодӣ қарор доранд. Илова бар ин таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф бо кишвари иқомат дар тӯли муносибатҳои дуҷониба гузошта шудааст ва аз ин имкониятҳо бояд васеъ истифода бурда шаванд.
Илова бар ин, таъкид гардид, ки намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои кишвар ҳамкории зичро бо мақомотҳои дахлдори кишвари иқомат ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати роҳбарияти кишвар ва иҷрои вазифахои дарпешистода чораҳои зарурӣ андешанд. Пеш аз ҳама фаъолияти намояндагиҳои расмӣ дар қаламрави кишвари иқомат ҳатман бо Сафорат ҳамоҳанг шуда, оиди фаъолияташон сафоратро дар ҷараён гузоранд.
Чӣ тавре ки қайд гардид, то охири соли ҷорӣ баргузории ду ҷашни миллии Тоҷикистон (Иди Ваҳдати миллӣ ва ҷашни истиқлолияти давлатӣ) дар шаҳри Москва ба нақша гирифта шудааст ва аз ин рӯ, аз намояндагиҳои расмӣ даъват карда шуд, ки дар ин чорабиниҳо фаъолона иштирок намоянд.
Дар бахши хотимавии ҷаласа намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз иқдомҳои сафири кишвар изҳори хушӣ карда, масъалаи мақоми дипломатӣ додан ба онҳо ва ҷойгиркунии намояндагиҳо дар меҳмонхонаи ҳукуматиро ба миён гузоштаанд.



