Ҳабси мансабдори ҳукумати ноҳияи Фархор барои порагирӣ



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Фархор Ширинбек Маҳмудовро барои порагирӣ ба ҳабс гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии мазкур, боздоштшуда барои хусусигардонии хирмани собиқ хоҷагии «Коммунизм» бо роҳи фиреб аз сокини маҳаллӣ Суннатулло Мутавалиев ба сифати пора 5 ҳазор сомонӣ ва 100 доллари ИМА гирифта, маблағро барои манфиатҳои шахсиаш масраф кардааст.

Гуфта мешавад, нисбати Ширинбек Маҳмудов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакии он ба анҷом расонида шуда, он ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное