Дар доираи сафар ба чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ боздид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни боздиди президенти мамлакат аз аз ноҳияи Қумсангир ӯ ба ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 шинос шуд.
Тибқи барномаи маҳаллӣ дар солҳои номбурда дар ноҳияи Қумсангир 6500 га замин обёрӣ мешаванд ва ё тавассути барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд. Барои амалӣ намудани ин тадбир ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар доираи татбиқи ин барнома маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо зербинои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу бемористонҳо бунёд ёфта, беш аз 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Аз ҳозир ба ин мавзеъҳо аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар барои кор ва зисти доимӣ ҷалб мешаванд. Мардуми аз дигар минтақаҳо ба ин ҷойҳо кӯчида солҳои аввал бепардохти андоз ва дигар имтиёзҳо кору зиндагӣ хоҳанд кард.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Қумсангир мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дода, барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи ин ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома сарвари давлат сафари худро ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ идома дода, дар ҷамоати Навободи ноҳия ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, ки барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, асос гузошт. Ин бинои нави муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз 4 бинои асосӣ иборат хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ дар назди мардуми сершумори ҷамъомада, суханрони карда, онҳоро бо оғози сохтмони мактаби нави муосир ва ҳамчунин бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки мактаби кӯҳнаи ин деҳаро ба кӯдакистон ва коргоҳи дӯзандагӣ табдил диҳанд. Тибқи супориши дигари Сарвари давлат беморхонаи ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда мешавад.


