Ба қонун «Дар бораи амният» тағйирот ворид мешавад



Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи амният» ворид карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ва ғайра низ баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласа аз тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва ширкати «Хели»-и шаҳри Дунини Чин дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» интизорӣ меравад.

spot_imgspot_img

Популярное