«Созандагони Ватан» ҳамсолонро ба ҳушёрӣ даъват мекунад

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба иғвогариҳо дода нашуда, ҳушёриро аз даст надиҳанд. Роҳбари бахши ҷавонони ҲХДТ «Адҳам Маъмурзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ташкилоти «Созандагони Ватан» овозаҳои аз ҷониби баъзе нерӯҳо паҳншуда дар бораи баргузории гирдиҳамойии ғайриқонунӣ дар шаҳри Душанберо маҳкум намуда, изҳор медорад, […]



Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба иғвогариҳо дода нашуда, ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Роҳбари бахши ҷавонони ҲХДТ «Адҳам Маъмурзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ташкилоти «Созандагони Ватан» овозаҳои аз ҷониби баъзе нерӯҳо паҳншуда дар бораи баргузории гирдиҳамойии ғайриқонунӣ дар шаҳри Душанберо маҳкум намуда, изҳор медорад, ки онҳо ба ноамну муташанниҷ кардани вазъ нигаронида шудаанд.

«Мо аз ҳамаи ҷонибдорони худ даъват мекунем, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин амали афродеро, ки аз сулҳу суботи Тоҷикистон хуш надоранд, маҳкум кунанд», – иброз дошт ӯ.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 35 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.