Намояндаи Тоҷикистон ба дабири кулли СҲИ эътимоднома супурд

Рӯзи 8-уми октябри соли 2014 дар Котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) маросими супурдани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба ҳайси Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ ба Дабири кулли СҲИ Шамил Алескеров баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушд ва […]



Рӯзи 8-уми октябри соли 2014 дар Котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) маросими супурдани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба ҳайси Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ ба Дабири кулли СҲИ Шамил Алескеров баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯбаи ин Созмон, махсусан дар заминаҳои иқтисодӣ, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, энергетика, илму маориф ва фарҳанг табодули назар карданд. 

Дабири кулли СҲИ бо орзуи муваффақият ба фаъолияти Сафири Тоҷикистон дар Эрон, дар робита ба фаъолияти имрӯзаи Созмон ва аҳамияти он ҷиҳати рушду пешрафти кишварҳои узв ва минтақа маълумоти муфассал баён намуд.

Ёдрас мекунем, ки ба СҲИ кишварҳои Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.