Э.Раҳмон ба сарони кишварҳои ИДМ ваъдаи кумак ба таҳкими марзро ёдовар шуд



Имрӯз, 10-уми октябр зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Минск президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтоёни худро ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ҷалб намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҷарёани амалисозии қарори сарони кишварҳои узви Иттиҳод нисбат ба кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон низ ишора кардааст.

Гуфта мешавад, сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ҷалб намуда, онҳоро ба вусъати ҳамкорию ҳамгироии муассир даъват намуд.

Зикр мегардад, ки масоили таҳкими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар доираи ИДМ, такмили заминаи ҳуқуқии робитаҳо, пурзӯр намудани ҳамгироӣ ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамчунин омодагӣ ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа аст.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон, Арманистону Озарбойҷон, Молдова, Русия ва кишвари мизбон-Беларус ба ҳам омаданд. Аз Украина сафири ин кишвар дар Беларус намояндагӣ дорад.

spot_imgspot_img

Популярное