Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ сафар кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти мамлакат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод.
Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов, дар шаҳри Хоруғ вохӯрии нахуствазир бо фаъолони вилоят доир мегардад, ки дар он масоили марбут ба вазъи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят баррасӣ мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки нахуствазир ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншоот, аз ҷумла бинои таваллудхонаи нави вилоят, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, манзили зист барои кормандони Раёсати КДАМ ва бинои хизматӣ барои воҳидҳои махсуси мақомоти милиса дар вилоят низ ширкат хоҳад варзид.


