Мулоқоти нахуствазир бо сафири Британияи Кабир

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз, 26 январ сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпоттро ба ҳузур пазируфт. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бахшҳои иқтисоду савдо, саноату энергетика, […]



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз, 26 январ сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпоттро ба ҳузур пазируфт.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бахшҳои иқтисоду савдо, саноату энергетика, нақлиёту сармоягузорӣ ва соҳаи кишоварзӣ табодули назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилаи ҷонибҳо дар амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаҳои энергетикаву коммуникатсия ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи дастгирии рушди бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.