Бо фармони президенти Тоҷикистон имрӯз дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қосимов Эркин Садриддинович бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шуд.
Эркинхон Раҳматуллозода, ки то ин вақт ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ буд, сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъин гардида, Солиев Рустамҷон Абдуллоевич аз ин вазифа озод гардид.
Шарифӣ Аъзамшо Латифзод аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ озод ва ба вазифаи ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин карда шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша таъин гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия таъин карда шуд.





