Марҳабо Ҷабборӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Қобили зикр аст, ки ӯ 23 ноябри соли 2013 ба ин вазифа таъин шуда буд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ғайр аз ин, Хидирзода Махфират Умар аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила озод ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Шерзода Ситора Маннон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод гардид.
Бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон озод ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин карда шуд. Ба вазифаи ректори Донишкадаи Давлатии Забонҳои Тоҷикистон Раҷабзода Маҳмадулло таъин гардид.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Кабиров Мизроб Саидович ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.



