Озмуни «Бонуи соҳибкори сол». Ҷоизаи «Фараҳ-2016»

Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии рушди байнулмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон ва ТҚХ «ИМОН Интернешнл» озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол» Ҷоизаи «Фараҳ-2016»-ро эълон мекунад. Ҳадафи аслии озмуни мазкур ҷалби таваҷчуҳи ҷомеа ба рушди соҳибкорӣ миёни занон ва мушкилоти бо шуғл фаро гирифтани онҳо, муайян кардани пешво ва роҳбарон миёни занҳои […]



Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии рушди байнулмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон ва ТҚХ «ИМОН Интернешнл» озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол» Ҷоизаи «Фараҳ-2016»-ро эълон мекунад.

Ҳадафи аслии озмуни мазкур ҷалби таваҷчуҳи ҷомеа ба рушди соҳибкорӣ миёни занон ва мушкилоти бо шуғл фаро гирифтани онҳо, муайян кардани пешво ва роҳбарон миёни занҳои соҳибкор ва таблиғи таҷрибаи онҳо миёни ҷавонзанони кишвар мебошад.

Бо мукофот қадрдонӣ шудани соҳибкории занон ба баҳодиҳӣ ва эътирофи навгониҳо, саъйу кӯшиши занон ба такмил ва арзёбии нақши муҳими зан дар ҷомеа имкон медиҳад.

Озмун аз рӯи 6 номинатсия доир мегардад:

– Соҳаи истеҳсолот;

– Соҳаи хизматрасонӣ;

– Соҳаи зебогӣ, мӯд, дизайн ва ҳунармандӣ;

– Соҳаи кишоварзӣ;

– Соҳаи хизматрасониҳои тиббӣ ва маориф;

– Оғози тиҷорати нав – старт-ап.

Дар доираи озмун ҳавасманд сохтани тиҷорати занон аз ҷониби Комиссияи коршиносон дар назар аст, ки аз рӯи номинатсияҳо ғолибони озмунро муайян мекунанд. Барои инъикоси васеъ ва намоиши дастовардҳои занони соҳибкори тоҷик нашри маҷалла ва наворбардории филм дар нақша аст. «Фараҳ-2016» замина барои таҳкими шабакаи занони соҳибкор хоҳад шуд, ки ба роҳандозии робитаҳои корӣ, табодули таҷриба ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон мусоидат мекунад.

Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон аз занони соҳибкори Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзанд. Ин имкони бузургест натанҳо барои табодули таҷриба дар роҳи комёбӣ, балки воситаест низ баҳри ба даст овардани донишу малакаҳои тоза, омӯзиши фаъолияти муваффақи занони соҳибкори кишварҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ ва мусаллаҳ гардидан бо нерӯи нав баҳри пешрафт ва рушди тиҷорати худ.

Дастгирии ҳамдигарии занони муваффақ, илҳом бахшидан ба ҷавонзанони соҳибкор ва намунаи ибрати онҳо будан муҳим аст. Озмуни «Фараҳ-2016» аҳаммияти соҳибкории занон дар иқтисоди кишварро намоиш хоҳад дод, ки ба таври шоиста аз ҷониби ҷомеа баҳогузорӣ хоҳад шуд.


Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷчатҳо – 1 июни соли 2016.


Маълумоти муфассал дар сомонаи

www.nabwt.tj

(гӯшаи Фараҳ).

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.