Хабаргузории “Азия-Плюс” ба нашри нави маҳсулоти худ – хабарномаи ҳармоҳаи таҳлилӣ шурӯъ кард.
Ба шумораи аввали хабарнома (бюллетен)-и «AP Expert» маводи коршиносон дар бораи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва эҳтимоли минбаъд чӣ гуна сурат гирифтани он, хатарҳои ба варшикастагӣ (дефолт) дучор шудани бозори асъор дар кишвар, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, дурнамои ҳамгироии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои гуногуни ҷаҳонӣ дохил шуданд.
Масоили минтақавӣ дар шакли таҳлили нақши Толибон дар Афғонистон, таҷрибаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ӯзбекистон ва дигар мавод пешкаш мешавад.
“Дар сиёсату иқтисод ва бахши иҷтимоии Тоҷикистон ва саросари минтақаи Осиёи Марказӣ мунтазам рӯйдодҳое сурат мепазиранд, ки ба таҳлили воқеъбинона ва баррасии бодиққату ҳамаҷониба ниёз доранд, – мегӯяд Умед Бобохонов, сарвари кулли “Азия-Плюс”. – Ба ҳар кадоме аз мо, агар тиҷоратеро сарварӣ кунему роҳбари Ташкилоти ҷамъитӣ ё сохтори давлатӣ бошем, донистани чӣ паёмадҳо доштани ин ё он рӯйдоду ҳодиса ва таъсири он ба кору зиндагиамон муҳим аст”.
Дар хабарномаи «AP Expert» мо талош хоҳем варзид, ки мувофиқи имкону шароит ба ин гуна суолҳо посухи босалоҳият ва кушоду возеҳ диҳем.
Муҳаррири шумораи аввали хабарнома сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мебошад.
Ба гуфтаи ношир, хабарнома ҳар моҳ як маротиба ба забонҳои русӣ ва англисӣ нашр шуда, тариқи имайл ба обуначиён фиристода мешавад.
Бо масъалаҳои обуна ба суроғаи зерин муроҷиат карда метавонед: [email protected]
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.