Ҳушдори Вазорати маориф ба донишҷӯёни тоҷику қирғиз дар Тоҷикистону Қирғизистон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як хабарномаи фаврӣ аз донишҷӯёни тоҷике дар Қирғизистон ва донишҷӯёне қирғизе, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, хостааст, ки ба таҳсили худ давом диҳанд ва ба ҳеч гуна сару садо ва овозаҳои беасосе бовар накунанд.

"Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, мерасонад, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, таҳсилро тибқи муқаррарот дар муассисаҳои худ идома диҳанд",-омадааст дар ин хабарнома.

Ин ҳушдори Вазорати маориф зоҳиран бар пайи сару садоҳое бархостааст, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд, ки бар пайи ҳодисаҳои ахири марзӣ эҳсоси хатар мекунанд. 

Аммо Вазорати маориф мегӯяд, ки ҳеч гуна хатаре ба донишҷӯёни ду кишвар таҳдид намекунад ва онҳо метавонанд бидуни мушкил ба дарсҳои худ идома бидиҳанд.

Масъулони Вазорати маориф мегӯянд, вобаста ба ҳодисаҳои охири дар сарҳад рухдода дар рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, бо истинод ба таърихи қадимаи ҳамзистии осоиштаи ду халқи бародар, оид ба қабули чораҳои фаврӣ, ки ба ҳалли вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон равона шудаанд, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки агар дар ин замина мушкиле пеш ояд ё суол пайдо шавад, ҳамаи шахосни алоқаманд метавонанд ба  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо шумораҳои 223-23-73, 227-65-60 ва 221-30-33 тамос бигиранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.