Омодагии Қувайт ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Date:


Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Давлати Қувайт (бо қароргоҳ дар Исломобод) Зубайдулло Зубайдов ба Амири Давлати Қувайт Сабоҳ Ал Аҳмад Ал Ҷобир Ас Сабоҳ эътимоднома супорид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, баъд аз маросими супоридани эътимоднома Амири Давлати Қувайт бо сафири Тоҷикистон сӯҳбат ороста, зимни сӯҳбат масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қувайт мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Амир қайд кард, ки ҷониби Қувайт ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон манфиатдор аст. Амир ба вазирон ва аъзоёни Девони Амирӣ, ки дар маросими супоридани эътимоднома ширкат доштанд, оиди фаъол намудани корҳо дар самти тақвияти муносибатҳо бо Тоҷикистон супоришҳо дод.

Дар навбати худ Зубайдулло Зубайдов манфиатдории Тоҷикистонро ба вусъати муносибатҳои дуҷониба бо Давлати Қувайт таъкид кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related