Омодагии Қувайт ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Давлати Қувайт (бо қароргоҳ дар Исломобод) Зубайдулло Зубайдов ба Амири Давлати Қувайт Сабоҳ Ал Аҳмад Ал Ҷобир Ас Сабоҳ эътимоднома супорид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, баъд аз маросими супоридани эътимоднома Амири Давлати Қувайт бо сафири Тоҷикистон сӯҳбат ороста, зимни сӯҳбат масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон […]


Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Давлати Қувайт (бо қароргоҳ дар Исломобод) Зубайдулло Зубайдов ба Амири Давлати Қувайт Сабоҳ Ал Аҳмад Ал Ҷобир Ас Сабоҳ эътимоднома супорид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, баъд аз маросими супоридани эътимоднома Амири Давлати Қувайт бо сафири Тоҷикистон сӯҳбат ороста, зимни сӯҳбат масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қувайт мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Амир қайд кард, ки ҷониби Қувайт ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон манфиатдор аст. Амир ба вазирон ва аъзоёни Девони Амирӣ, ки дар маросими супоридани эътимоднома ширкат доштанд, оиди фаъол намудани корҳо дар самти тақвияти муносибатҳо бо Тоҷикистон супоришҳо дод.

Дар навбати худ Зубайдулло Зубайдов манфиатдории Тоҷикистонро ба вусъати муносибатҳои дуҷониба бо Давлати Қувайт таъкид кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.