Раҳмону Путин ҳамкориҳои низомиву энергетикиро баррасӣ мекунанд

Президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни сафараи дурӯзаи худ ба Тоҷикистон, ки шоми имрӯз оғоз меёбад, бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои низомиву энергетика ва мушкилоти муҳоҷиронро баррасӣ карда, ҳамчунин президенти Тоҷикистонро бо 60-умин солгарди зодрӯзаш табрик хоҳад гуфт. Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба ёвари сарвари давлати Русия […]


Президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни сафараи дурӯзаи худ ба Тоҷикистон, ки шоми имрӯз оғоз меёбад, бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои низомиву энергетика ва мушкилоти муҳоҷиронро баррасӣ карда, ҳамчунин президенти Тоҷикистонро бо 60-умин солгарди зодрӯзаш табрик хоҳад гуфт.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба ёвари сарвари давлати Русия Юрий Ушаков, зимни гуфтушуниди ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, дурнамои ҳамкориҳо дар иттиҳодияҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ ва сохторҳои минтақавии бисёрҷониба ва таҳкими мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ба қавли вай, аз рӯйи натоиҷи гуфтушунидҳо имзои як қатор асноди ҳамкории муҳим, аз ҷумла дар бахши низомӣ, энергетика, муҳоҷират ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар назар аст. «Сарони кишварҳо ҳамчунин атрофи мушкилоти кунунии ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар хоҳанд кард», – изҳор доштааст ӯ.

Ба иттилои ёвари сарвари давлати Русия, дар гуфтушунидҳо ҳамчунин ба масоили тақвият бахшидани фаъолияти ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» оид ба кашфи захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон, имконоти бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ-барқӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки Русия ва беҳбуди вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад гардид.

Қобили зикр аст, ки соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Русияву Тоҷикистон 808,7 млн. ва дар нимсолаи аввали соли равон 413,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 125 корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи Русия фаъолият доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.