Раҳмону Путин ҳамкориҳои низомиву энергетикиро баррасӣ мекунанд

Date:


Президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни сафараи дурӯзаи худ ба Тоҷикистон, ки шоми имрӯз оғоз меёбад, бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои низомиву энергетика ва мушкилоти муҳоҷиронро баррасӣ карда, ҳамчунин президенти Тоҷикистонро бо 60-умин солгарди зодрӯзаш табрик хоҳад гуфт.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба ёвари сарвари давлати Русия Юрий Ушаков, зимни гуфтушуниди ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, дурнамои ҳамкориҳо дар иттиҳодияҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ ва сохторҳои минтақавии бисёрҷониба ва таҳкими мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ба қавли вай, аз рӯйи натоиҷи гуфтушунидҳо имзои як қатор асноди ҳамкории муҳим, аз ҷумла дар бахши низомӣ, энергетика, муҳоҷират ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар назар аст. «Сарони кишварҳо ҳамчунин атрофи мушкилоти кунунии ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар хоҳанд кард», – изҳор доштааст ӯ.

Ба иттилои ёвари сарвари давлати Русия, дар гуфтушунидҳо ҳамчунин ба масоили тақвият бахшидани фаъолияти ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» оид ба кашфи захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон, имконоти бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ-барқӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки Русия ва беҳбуди вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад гардид.

Қобили зикр аст, ки соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Русияву Тоҷикистон 808,7 млн. ва дар нимсолаи аввали соли равон 413,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 125 корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи Русия фаъолият доранд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related