Ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарвари давлати Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон анъанаҳои бисёрасраи муносибатҳои дӯстона ва ҳамҷаворӣ миёни мардуми ду кишварро гиромӣ медораду қадр мекунад.
«Бо такя ба он мо аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ ба рушди тамоми маҷмӯи муносибатҳои созанда дар асоси баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар ва назардошти мутақобилаи манфиатҳо миёни кишварҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем», – баён мегардад дар барқия.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозад, ки «кӯшишҳои муштараки мо имкон медиҳанд, ки натанҳо ба таҳдидҳои имрӯза истодагарӣ намоем, балки баҳри некӯаҳволии мардум ва таҳкими амнияти минтақавӣ ба сатҳи сифатан нав расидани муносибатҳо миёни давлатҳо муваффақ шавем».
Дар барқияи президенти Ӯзбекистон Ислдлом Каримов ба унвони сарвари давлати Тоҷикистон изҳор мегардад, ки «муносибатҳои чандинасраи дӯстиву эҳтироми ҳамдигар, умумияти таъриху мазҳаб, расму оин ва мушкилоти ҳамгуна тоҷикону ӯзбеконро ҳамеша дар роҳи расидан ба беҳбудӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқҳо муттаҳид месозанд».
Дар барқия Ислом Каримов изҳори итминон кардааст, ки чунин муносибатҳои аз имтиҳони таърих сарбаландона гузашта минбаъд низ боқӣ хоҳанд монд.


