Мулоқоти сафирони тозатаъини Тоҷикистону ИМА дар Вашингтон

Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо сафири тозатаъини ин кишвар дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот барпо шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат ӯ Сюзан Эллиотро бо дидгоҳи роҳбарияти сиёсӣ ва ҳукумати кишвар ҷиҳати пешбурди авлавиятҳои ҳамкории дуҷониба бо ИМА ва дурнамои он, вазъи сиёсӣ-иҷтимоии Осиёи Марказӣ […]


Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо сафири тозатаъини ин кишвар дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот барпо шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат ӯ Сюзан Эллиотро бо дидгоҳи роҳбарияти сиёсӣ ва ҳукумати кишвар ҷиҳати пешбурди авлавиятҳои ҳамкории дуҷониба бо ИМА ва дурнамои он, вазъи сиёсӣ-иҷтимоии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои амниятӣ дар минтақа бори дигар ба таври муфассал шинос кард.

Ба иттилои манбаъ, сафир Н. Шамсов зикр намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ бо ИМА ба роҳ мондани ҳамкории муассир ва самарабахшро ҷиҳати таъмини бехатарии марзҳои сарҳадӣ бо Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир, таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг, идомаи муколамаи созанда ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон ва ғайра ҳамчун масъалаҳои калидӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.