Хусрав Хушқадамов қаҳрамони сеюми Тоҷикистон оид ба самбо

Паҳлавони шинохтаи кишвар Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Хушқадам дар қувваозмоии вазни -62кг дар даври аввал бар Рафелин Перез (Доминикан), дар даври дуюм бар Ҳристо Георгиев (Булғория), дар чорякфинал бар Генади […]

Паҳлавони шинохтаи кишвар Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Хушқадам дар қувваозмоии вазни -62кг дар даври аввал бар Рафелин Перез (Доминикан), дар даври дуюм бар Ҳристо Георгиев (Булғория), дар чорякфинал бар Генади Чиргадзе (Гурҷистон), дар нимфинал бар Дмитро Левдошенко (Украина) ва дар финал бар варзишгари Русия Руслан Багдасарян ғолиб омада, медали тиллои чемпионатро ба гардан овехт.

Дар рӯзи сеюми чемпионат варзишгарони дигари мо – Зафар Олимшоев (-82кг) дар самбои варзишӣ, Умедҷон Муҳиддинов (-68кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90кг) дар самбои размӣ аз медал бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони мо Акмалиддин Каримов дар вазни -57, Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни -74кг дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни -62кг-и самбои размӣ дар рӯзи дуюми чемпионат ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Умуман, варзишгарони мо дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2018 сазовори 4 медал – 1 тилло, 3 биринҷӣ гардиданд.

Хушқадам Хусравов чемпиони сеюм оид ба самбо дар таърихи Тоҷикистон аст. Аввалин медали қаҳрамонии ҷаҳонро барои Тоҷикистон варзишгари маъруф Саидмумин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Минск ба даст оварда буд. Моҳи ноябри соли гузашта гуштигири 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ба медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сочи шарафёб гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.