Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми кори бархе аз сафирони Тоҷикистонро афзуд

Бо амру фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумати кишвар имрӯз, 17-уми октябр дар якчанд сохтор тағйироти кадрӣ ба амал омад. Аз ҷумла, Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Давлати Исроил таъин шуд. Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Насредин Исматулло […]

Бо амру фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумати кишвар имрӯз, 17-уми октябр дар якчанд сохтор тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Аз ҷумла, Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Давлати Исроил таъин шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Насредин Исматулло ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таъин шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Тайланд таъин шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин шуд.

Бо амрҳои раисҷумҳур Зиёӣ Хуршед Махшулзода муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ таъин гардида, Сайидзода Зафар Шералӣ аз сабаби консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия таъин шуданаш аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ озод гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Шерализода Шараф Аҳмадҷон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ таъин шуд.

Ҳамчунин Мирализода Рустам Азиз аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ озод гардида, ба ин мақом Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор таъин шуд.

Бо сабаби азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск», Азиззода Бобишо Абдуқаюм аз вазифаи директори корхонаи мазкур озод карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.