Суръатбахшии таъини хати сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Зимни вохӯрии муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи суръатбахшии корҳои таъин ва аломатгузории хати марзи ду кишвар баррасӣ шуд. Ин вохӯрӣ дирӯз дар шаҳри Ботканд пас аз тавофуқоти 11-уми октябр дар Ашқобод ҳосилшудаи байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доир гардид. Тавре хабаргузории kabar.kg иттилоъ медиҳад, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини сарвазири Қирғизистон Жениш […]

Зимни вохӯрии муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи суръатбахшии корҳои таъин ва аломатгузории хати марзи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ин вохӯрӣ дирӯз дар шаҳри Ботканд пас аз тавофуқоти 11-уми октябр дар Ашқобод ҳосилшудаи байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

Тавре хабаргузории kabar.kg иттилоъ медиҳад, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов зимни мулоқот оид ба суръатбахшии корҳои муайянсозии хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар карданд.

Онҳо қайд карданд, ки дар ин самт гурӯҳи кории доимо амалкунанда баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои мушаххас дар ҳалли ҳарчи зудтари таъин ва аломатгузории хати марз фаъолият хоҳад кард.

Роҳбарони ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон барои анҷоми корҳо дар доираи гурӯҳҳои амалкунандаи коршиносон оид ба масоили харитасозӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба кор шурӯъ кардаанд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.