Сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов имрӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳ ӯро муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт. Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир мегардад, ки дар он ҳайатҳои ҳар ду кишвар таҳти раёсати сарвазирони давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов масоили […]

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов имрӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳ ӯро муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир мегардад, ки дар он ҳайатҳои ҳар ду кишвар таҳти раёсати сарвазирони давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов масоили ифтитоҳи сарҳади давлатӣ ва барқарор намудани парвозҳо байни кишварҳоро баррасӣ мекунанд.

Ба ҷуз иштирок дар кори Комиссияи байниҳукуматӣ, сарвазири Ӯзбекистон ҳамчунин аз ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад, боздид намуда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Ғайр аз ин, шиносоии наздики ӯ бо фаъолияти корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии Тоҷикистону Ӯзбекистон – «Artel Avesto Electronics» низ дар назар аст.

Дар робита ба сафари ҳайати бонуфузу сершумори кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, баъзе роҳҳои Душанбе муддати рӯз муваққатан баста шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.