Муфтии Тоҷикистон: “Пайғамбар барои мусалмонҳо аз ҷонашон азизтар аст”

Баъди қазияи намоиши корикатурҳои паёмбари Ислом дар Фаронса аз сӯйи як муаллим дар мактаб, сар буридани муаллим аз ҷониби як мусулмони наврас ва вокунишҳои раисҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон бар пайи ин ҳодиса, дар олами ислом мавҷи эътирозҳо ба вуҷуд омад. Кишварҳои мусалмониву исломӣ посухҳои гуногуне ба ин қазияҳо доштанд. Тоҷикистони расмӣ то кунун дар ин қазия […]

Баъди қазияи намоиши корикатурҳои паёмбари Ислом дар Фаронса аз сӯйи як муаллим дар мактаб, сар буридани муаллим аз ҷониби як мусулмони наврас ва вокунишҳои раисҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон бар пайи ин ҳодиса, дар олами ислом мавҷи эътирозҳо ба вуҷуд омад. Кишварҳои мусалмониву исломӣ посухҳои гуногуне ба ин қазияҳо доштанд. Тоҷикистони расмӣ то кунун дар ин қазия мавқеи худро изҳор надоштааст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” аз Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон пурсид, ки ба ин ҳаводис чӣ назар доранд.

Абдуқодирзода мегӯяд, ки масъалаи динӣ, масхараву таҳқир кардани чӣ шиорҳои исломӣ бошад чӣ шахсиятҳои олами ислом, як мавзуъи ҳассос аст.  Ҳол он ки, Пайғамбар яке аз асосҳо ва шахсиятҳои муҳимми исломӣ ҳастанд. Чаро ки дарку фаҳми китоби муқаддаси Қуръон ба воситаи Пайғамбар ҳатмӣ шудааст. Яъне Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам, шахсе буданд миёнарав байни башарият ва Худованд. Худованд ба хотири расонидани хабараш ӯро интихоб карда буд. Намояндаи Парвардигор дар рӯйи замин, шахсияти муққадас ва бузург.

Ба назари раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ҳоло шахсияти пайғамбарро як тараф мегузорем, бигирем агар падару модар ё ҳамсари кадом роҳбари давлатро масхара карда бошанд, он раҳбари давлат шахси масхаракардаро  то тамоми маҳкамаҳо мекашад ва паси панҷара мебарад ва ҳатто намегузорад, ки ҷон ба саломат бибарад. Агар чунин бошад, паёмбари ислом барои мусалмонҳо аз падару модар, аз ҳама болотар аст, ҳатто аз ҷонашон. Яъне ба шуури мусалмон расидан, ба торҳои ҳассоси эътиқоди ӯ нохун задан, ба мисли ханҷар задан ба ҷони ӯст:

“Барои ҳамин мо кори он ҷавонеро, ки аз ҳаёт чизе надида буд, таъйид намекунем, дар ҳақиқат нодуруст кардааст. Зиёдаравӣ кардааст. Вале зиёдаравии ӯ дар асоси нодурустии кори он муаллим буд, ки шахсияти бузурги исломро таҳқиру масхара кардааст. Ба ақида ва эътиқоди динии мардум, фарқ намекунад хоҳ яҳудӣ аст, хоҳ мусалмону маҷусиву масеҳӣ иҳонат кардан, кори бисёр хатарнокест, ки пайомадҳои ҷиддӣ дорад”.

Сайидмукаррам Абдуқодирзода бар ин назар аст, ки исломро бо терроризм айбдор кардан ё муттаҳам донистан муд шудааст. Ба андешаи ӯ, ҳоло он ки Ислом дини сулҳ аст.  “Маънои Ислом ин сирф осоиштагӣ ва сулҳ мебошад, яъне хайрхоҳӣ. Вале корҳое шуда истодааст, ки на ақл, на мантиқ, на ҳикмат, на таҷриба ва  ҳатто зиндагӣ инҳоро қабул надорад. Таҳқир кардани Паёмбари Ислом, ё сар буридани як инсон новобаста аз ин ки чӣ гуфтасту чӣ коре кардааст, аслан ба ақли солим ҳеч мувофиқ нест”.

Ин шахсияти расмии динии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз он тараф бояд таҳқир сурат намегирифт ва аз сӯйи дигар куштор ҳам бояд намешуд. Зеро ақидаи мусалмонро таҳқир кардан хатари бисёр ҷиддие дорад.

“Дар таърих ин бори аввал нест, ҳамеша  чунин корҳо ба куштор, хунрезӣ ва нооромӣ бурдааст. Донишманде насиҳат мекунад, хусусан ба раҳбарони давлат мегӯяд, ки “агар мехоҳӣ, ки миллату қавму мардумат бароят ҷонашонро фидо кунанд, ба дину мазҳабу ақидааш халал нарасону таҳқир накун ва наволаашонро аз даҳонашон нагир, тамом. Он мардум дигар барои туву ҳукумат ҷонашро адо мекунад”. Ин воқеияте ҳаст, ки инсон бояд дарк кунад, дар зиндагӣ амалӣ кунад, пас ҳеч хатаре воқеъ намешавад”.

Муфтии Тоҷикистон мегӯяд, ки бубинед аз соли 2009 исломро ба терроризм ва тундгароӣ туҳмат карданд, чӣ қадар хунрезӣ ва нооромӣ ба вуҷуд омад. “Барои ҳамин ин оқибати хуб надорад. Бояд инсон аз ин гуна рафторҳо ҳазар кунад, чунки ақли солим инро намепазирад. Инсон тарзе рафтор кунад, ки на ба худ ва на ба дигарон зарар бирасонад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.